Ба гузориши агентсии иттилоотии «Абно», рӯзномаи Лу Монд хабар дод, ки минтақаи Ховари Миёна ҳамеша муайянкунанда ва меъёри кори раисони ҷумҳурии Амрико мебошад ва дар мавриди Трамп, ин кор номатлуб ва ғайр аз амалҳои ҳисобшуда будааст.
Бар асоси ин гузориш, ин сокини Кохи Сафед феҳристи пур аз шикастҳоро дар камтар аз 2 сол таҳвил додааст. Дар ин замина ба таври хос метавон ба ҷангпарварии Амрико ва режими сионистӣ алайҳи Эрон ишора кард, зеро натиҷаҳои ин ҷанг комилан баръакси хоҳиши Вашингтон дар бораи нишон додани қувват ва тавоноии худ буда ва дар ниҳоят ба бӯҳрони басташавии Гулӯгоҳи Ҳурмуз ва ақибнишинии Амрико оварда расонд.
Лу Монд инчунин ба фишорҳои воридшуда аз сӯи кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар канори нигарониҳо дар бораи кам шудани захираҳои силоҳи Амрико, ки дар ақибнишинии Трамп аз таҳдидҳои худ барои таҷовузи муҷаддад ба Эрон нақш дошта, ишора кард. Ин ақибнишинӣ ҷойгоҳи Амрикоро ҳамчун ба истилоҳ кафили амнияти минтақа заиф кард ва боиси он гардид, ки Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия ба имзои созишномаи сеҷониба рӯй оваранд. Ин амал ифодакунандаи коҳиши эътимоди кишварҳои минтақа ба Амрико мебошад.
Дар бораи Фаластин низ Трамп бо бӯҳрони дигаре рӯ ба рӯст. Ӯ натавонист артиши сионистиро маҷбур ба ақибнишинӣ аз ноҳияи Ғазза кунад ва ин мавзӯъ иҷрои нақшаи Трампро барои бозсозии Ғазза душвор мекунад. Раиси ҷумҳури Амрико бо бекор карни таҳримҳо алайҳи муҳоҷинони тундрав нишон дод, ки дар сиёсати худ дар қиболи Ховари Миёна дорои ихтилоф ва зиддият аст.
Your Comment