Ба гузориши хабарии «Абна» ба нақл аз шабакаи Алҷазира, манобеи беморхонаӣ дар Ғазза эълон карданд: аз субҳи шанбе то ҳол 10 фаластинӣ, аз ҷумла се кӯдак, дар ҳамлаҳои Исроил ба шаҳри Ғазза ба шаҳодат расиданд.
Ин шабака инчунин аз ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба шаҳраки Ал-Қарара дар шимоли шаҳри Хон Юнис хабар дод.
Ҳамчунин манобеи ёрии таъҷилӣ ва фавқуллодаи Ғазза эълон карданд, ки дар пайи ҳамла ба маҳаллаи Ал-Зайтун дар ҷанубу шарқи шаҳри Ғазза, якчанд нафар захмӣ шуданд.
Бар асоси ин гузоришҳо, дар ин ҳамла дастикам як зан ба шаҳодат расида ва якчанд нафари дигар низ захмӣ шудаанд.
Аз сӯи дигар, «Махмуд Басал», сухангӯи ташкилоти ёрии таъҷилӣ ва наҷоти Ғазза низ эълон кард: дар пайи ҳамлаи Исроил ба хаймаи макони иқомати гурезагон дар кӯчаи Кешко дар шарқи маҳаллаи Ал-Зайтун, як зан ба шаҳодат расида, се нафар гумшуда ва шуморе дигар низ захмӣ шуданд.
Your Comment