Ба гузориши агентӣ хабарии «Абно», системаҳои «Патриот»-и Урдун дар баробари мушакҳои Эрон шикаст хӯрданд ва таркишҳои нав пойгоҳҳои ишғолгарони амрикоиро дар Кувайт ба ларза дароварданд.
Тибқи гузоришҳои расмии Пентагон, шумораи низомиёни амрикоие, ки дар ҳамлаҳои охир захмӣ шудаанд, ба 13 нафар (10 сарбози артиш ва 3 баҳрӣ) расидааст; оморе, ки «CBS News» онро натиҷаи бевоситаи бархӯрди мушакҳо ба иншооти Вашингтон донистааст.
Воситаҳои ахбории минтақавӣ таъкид карданд, ки мушакҳои эронӣ бо гузашти муваффақ аз системаҳои муҳофизатии Урдун, «Патриот»-ҳои амрикоиро ба чолиш кашида ва ба ҳадафҳои худ дар пойгоҳи «Муваффақ ас-Султӣ» расиданд; шиддати таркиш дар минтақаҳои ишғолшуда низ шунида шуд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои хабарӣ аз идомаи амалиётҳои зидди ишғолгарӣ хабар медиҳанд, ба тавре ки таркишҳои сершумор бори дигар пойгоҳҳои низомии ИМА дар Кувайтро ба ларза дароварданд.
Инчунин, ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳи низомии ИМА дар Арабистони Саудӣ бо як мушаки баллистӣ нишон медиҳад, ки мошини ҷангии таҷовузкорон дар саросари минтақа, дар баробари посухҳои қатъӣ ва дақиқ, амалан замингир шудааст ва муҳофизатҳои пурдаъвои онҳо дар баробари иқтидори дифоии Эрон, комилан нокор амал кардааст.
Your Comment