Ба гузориши агентии хабарӣ «Абна», паҳподҳои нобудсозии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар марҳилаи нуҳуми амалиёти «Соъиқа» ва дар посух ба таҷовузҳои душмани кӯдаккуш ба баъзе минтақаҳои кишвари мо ва пойгоҳи Бомпур-Эроншаҳр, ки ба шаҳодати ҳафт нафар аз унвондорҳо ва сарбозони нерӯи заминии артиш анҷомид, макони радарии собит, системаи алоқа ва зарфҳои сӯзишвории артиши террористию кӯдаккуши Амрико дар пойгоҳи Ал-Азрақ дар Урдунро ҳадаф қарор доданд.
Ин пойгоҳ макони истиқрори системаҳои муҳофизатӣ бар зидди мушакҳо ва яке аз муҳимтарин марказҳои стратегӣ ва фармондеҳии нерӯҳои таҷовузкори амрикоӣ дар минтақаи Осиёи Ғарбӣ маҳсуб мешавад.
Артиш бо маҳкум кардани ҳамлаҳои ваҳшиёнаи душман ба хобгоҳи кормандони кадрӣ ва сарбозони ҳозирӣ дар Эроншаҳр, ин гуна амалҳоро натиҷаи табиати зиддиинсонии душмани бадхоҳ унвон кард ва бо таъкид бар он ки ин ҷиноятҳо ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърих маҳв намешаванд, илова кард: фарзандони миллат дар артиш, фидокиёни мардум ва дифоъгарони амнияти Эрон мебошанд ва заррае аз вазифаи ифтихорбахши дифоъ аз миллат ва ватани исломӣ ва интиқоми хуни шаҳидони азиз кӯтоҳ нахоҳанд омад.
Your Comment