Ба гузориши агентсии «Абна» ба нақл аз «Новостӣ», натиҷаҳои пурсиши анҷомдодаи муассисаи «YouGov» бо дархости маҷаллаи «The Economist» нишон медиҳад, ки танҳо 27 дарсади амрикоиҳо таҷовузи кишварашон ба Иронро тасдиқ мекунанд.
Мувофиқи ин гузориш, 57 дарсади амрикоиҳои ширкаткунанда дар ин пурсиш изҳор кардаанд, ки ҷангафрӯзии кишварашон бар Ирон хато будааст.
Аксари онҳое, ки ба таҷовузи Амрико бар Ирон мухолиф буданд, аз ҷумлаи тарафдорони Ҳизби демократ ба шумор мераванд.
Дар ин пурсиш беш аз 1600 шаҳрванди амрикоӣ ширкат кардаанд.
Your Comment