Ба гузориши агентӣи хабарӣи Абна ба нақл аз рӯзномаи The Hill, як назарсанҷии нав, ки натиҷаҳои он рӯзи душанбе интишор ёфт, коҳиши ошкори аҳамияти дастгирӣ аз режими сионистиро барои ҷавонони яҳудии Амрико нишон медиҳад; ҷавононе, ки рӯз то рӯз ба воситаҳо ва усулҳои дигар барои пайванд бо ҳувияти фарҳангӣ ва мазҳабии худ рӯй меоранд.
Ин назарсанҷӣ, ки аз ҷониби Ассошиэйтед Пресс бо ҳамкории Маркази таҳқиқоти сиёсати умумии NORC гузаронида шуд, таъкид мекунад, ки танҳо 42 дарсади яҳудиёни амрикоии зери 45 сол дастгирӣ аз режими сионистиро як принсипи муҳим барои ҳувияти мазҳабии худ мешуморанд.
Инчунин 37 дарсади яҳудиёни зери 45 сол бар он ақидаанд, ки таҷовузи режими сионистӣ дар навори Ғазза ба таври возеҳ ҷинояти геноцид мебошад.
Як гурӯҳи коршиносон, ки аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид таъин шуда буданд, моҳи гузашта ба хулосае расиданд, ки Исроил дар навори Ғазза ҳақиқан ҷинояти геноцид содир кардааст.
Your Comment