Ба гузориши агентсии хабаргузории «Абна» ба нақл аз RT, Михаил Улянов, намояндаи доимии Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, таъкид кард, ки таҷовузҳои охирини Амрико ба устони Бушири Эрон нерӯгоҳи ҳастаии онро ҳадаф қарор надодааст, зеро дар ғайри ин ҳолат оқибатҳои фоҷиабор барҷой мегузошт.
Вай дар ҳисоби корбарии худ дар фазои маҷозӣ навишт: «Ҳар гуна ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ ҷиноят ва вайронкунии ошкори қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳамла ба нерӯгоҳи ҳастаии Бушир метавонад оқибатҳои вазнин барои ҳамаи кишварҳои арабии Халиҷи Форс дошта бошад. Ин ҳамлаҳо бояд фавран боздошта шаванд.»
Пештар низ Ташкилоти энергияи ҳастаии Эрон ҳангоми такзиби даъвоҳои интишорёфта дар фазои маҷозӣ дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳи ҳастаии Бушир, эълом кард, ки ин нерӯгоҳ дар вазъияти комилан муқаррарӣ, бехатар ва устувор қарор дорад.
Your Comment