12 Июл 2026 - 23:39
Source: ABNA
Дар идомаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёна; Амрико боз ҳам Кубаро таҳдид кард

Амрико дар идомаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи худ нисбат ба кишварҳои ҷаҳон бори дигар Кубаро таҳдид кард.

Ба гузориши агентӣи хабарии АБНА ба нақли Новости, вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио дар сухангӯӣ бо мақомоти Куба даъво кард, ки ин кишвор бояд пеш аз дер шудан масири сиёсии худро тағйир диҳад.

Вай бо лаҳни таҳдидомез гуфт: «Амрико аз ҳамаи воситаҳои мавҷуда барои муқобила бо таҳдидҳои ба амнияти миллии мо аз низоми ҳоким бар Куба расида, истифода хоҳад кард».

Рубио дар идома бо баён кардани суханони майдонгирӣ даъво кард, ки Амрико ба ҷустуҷӯи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Куба аст, то ояндаи беҳтаре барои ин кишвар фароҳам оварад!

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Амрико бо муҳосираи нафтии Куба боиси бад шудани вазъи инсонӣ дар ин кишвар ва набуди сӯзишворӣ ҳамчунин қатъи умумии барқ шудааст. Трамп низ пештар Кубаро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид карда буд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha