Ба гузориши агентӣи хабарии АБНА ба нақли шабакаи Ал-Аҳади Ироқ, хабарҳо дар бораи фаъолшавии системаҳои муҳофизати ҳавоӣ дар пойгоҳи Муваффақ ас-Салтӣ дар Урдун нашр шудааст.
Ин гузоришҳо ҳанӯз аз ҷониби расонаҳо ва мақомоти расмии Урдун тасдиқ ё такзиб нашудаанд ва иттилооте дар бораи намуди таҳдиди эҳтимолӣ ё сабабҳои фаъолшавии муҳофизати ҳавоӣ пешниҳод нашудааст.
Пойгоҳи Муваффақ ас-Салтӣ яке аз пойгоҳҳои муҳими ҳавоии Урдун ва макони истиқрори низомиёни Амрико мебошад, ки дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои гузашта ва дар шароити шиддатҳои минтақавӣ тадобири амниятӣ ва дифоӣ дар он шадид гардонида шуда буд.
Шунида шудани садои таркиш дар Кувайт
Баъзе манбаъҳои ғайрирасмӣ низ аз шунида шудани садои таркиш дар Кувайт хабар доданд.
То кунун манбаъҳо ва мақомоти расмии Кувайт ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.
Фаъолшавии огоҳкунандаи ҳушдор дар Баҳрайн
Вазорати корҳои дохилии Баҳрайн бо тасдиқи садо додани огоҳкунандаҳои ҳушдор дар ин кишвар, аз шаҳрвандон ва сокинон хоҳиш кард, ки барои ҳифзи амнияти худ ба наздиктарин макони амн муроҷиат кунанд.
Қатар: Шаҳрвандон дар хонаву маконҳои амн бимонанд
Вазорати корҳои дохилии Қатар низ бо нашри эълонномае эълом кард, ки сатҳи таҳдиди амниятӣ дар ин кишвар баланд арзёбӣ мешавад ва аз ҳамаи шаҳрвандон ва сокинон хоҳиш кард, ки то таъмини дигар дар хонаву маконҳои амн бимонанд.
Даъвои АМА дар бораи муқобилаи муҳофизати ҳавоӣ бо таҳдиди мушакию ракетаӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин
Вазорати корҳои дохилии АМА низ даъво кард, ки системаҳои муҳофизати ҳавоии ин кишвар дар ҳоли муқобила бо таҳдиди мушакию ракетаӣ мебошанд.
Вазорати дифои АМА дар эълонномае бо нисбат додани ҳамлаҳо ба Эрон даъво кард, ки системаҳои муҳофизати ҳавоии ин кишвар дар ҳоли муқобила бо ҳамлаҳои мушакию ракетаӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин мебошанд, ки ба сӯи ин кишвар партоб шудаанд.
Ин вазорат инчунин даъво кард, ки садоҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни АМА шунида мешаванд, дар натиҷаи кори системаҳои муҳофизати ҳавоӣ дар рафти муқобила бо ин таҳдидот мебошанд.
Вазорати дифои АМА то кунун тафсилоти бештар дар бораи шумори ракетаву мошақҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, макони раҳгирӣ ё андозаи хисороти эҳтимолӣ нашр накардааст.
Гузориши Reuters аз шунида шудани садои чанд таркиш дар Доҳаи Қатар
Агентӣи хабарии Reuters низ аз Қатар гузориш дод, ки садои ду таркиш дар шаҳри Доҳа шунида шуда ва ҳукумати ин кишвар ҳамзамон ҳушдори амниятӣ барои телефонҳои мобилии шаҳрвандон ва сокинони ин кишвар фиристодааст.
Гузориши ғайрирасмӣ аз ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳи ҳавоии Ал-Зафра дар АМА
Баъзе манбаъҳои ғайрирасмӣ эълом карданд, ки пойгоҳи ҳавоии Ал-Зафра дар АМА ҳадафи ҳамлаи мушакию ракетаӣ қарор гирифтааст.
Your Comment