12 Июл 2026 - 23:41
Source: ABNA
Шиддат ёфтани ҳамлаҳои режими Сионистӣ ба Ғазза

Манбаъҳои фаластинӣ аз шиддат ёфтани ҳамлаҳои режими Сионистӣ ба Ғазза ва шаҳодати 8 фаластинӣ дар мавҷи нави ин таҷовузҳои Тел-Авив хабар доданд.

Ба гузориши агентӣи хабарии АБНА ба нақл аз «Фаластин ал-Юм», як фаластинӣ дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймои бесарнишини режими Сионистӣ ба хаймае дар лагери Қудсия, воқеъ дар ғарби Хон-Юнис дар ҷануби ноҳияи Ғазза шаҳид шуд.

Як ҳавопаймои бесарнишини режими Сионистӣ имрӯз бегоҳи якшанбе ба минтақаи ғарби бурҷҳои Тайба дар лагери Қудсия, дар ғарби шаҳри Хон-Юнис ҳамла кард.

Дар ин ҳамла, хаймае дар дохили ин лагер мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа то кунун дасти кам як нафар шаҳид ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Манбаъҳои маҳаллӣ аз интиқоли маҷрӯҳон ба бемористонҳои минтақа хабар додаанд ва ҳанӯз нигаронӣ аз афзоиши шумори қурбониён вуҷуд дорад.

Аз тарафи дигар, манбаъҳои фаластинӣ эълом карданд, ки бо шаҳодати ду нафари дигар дар ҳамла ба шаҳри Ғазза ва Хон-Юнис, шумори шаҳидони имрӯзи ҷинояти сионистҳо дар ноҳияи Ғазза ба 8 нафар расид.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки артиши режими Сионистӣ дар рӯзҳои охир ҳамлаҳои худ ба минтақаҳои маскунии ҷануби Ғаззаро шиддат бахшидааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha