Ба гузориши хабаргузории Абна, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ таъкид кард, ки Бритониё, Фаронса ва Олмон аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба зерсохторҳои ғайринизомии Эрон дастгирӣ ва онро ташвиқ кардаанд.
Бар асоси ин гузориш, «Анна Евстигнеева» дар нишасти фавқулодаи Шӯрои Амният, он чиро «риикории кишварҳои ғарбӣ» хонд, маҳкум кард ва гуфт, ин кишварҳо Эронро ҳадафи интиқод қарор медиҳанд, аммо дар баробари амалҳои Амрико ва Исроил чашмпӯшӣ мекунанд.
Ин дипломати рус тасреҳ кард: «Мо маҷбурем бори дигар ноумедии худро аз ин воқеият иброз кунем, ки аксарияти аъзои Шӯрои Амният ҳанӯз кӯшишҳои баъзе кишварҳоро барои зери суол бурдани воқеиятҳои объективӣ ва усул ва равияҳои мавҷуда нодида мегиранд ва бо он ҳамроҳӣ мекунанд».
Муовини намояндаи Русия дар СММ тазаккур дод: «Ҳар гуна кӯшиш барои талқини фаъолшавии "механизми триггер", аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беасос аст. Қатъномаи 2231 аз 18 октябри соли 2025 анҷом ёфтааст ва Шӯрои Амният баррасии парвандаи ҳастаии Эронро қатъ кардааст».
Вай идома дод: «Масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дигар дар дастури корӣ (агҷинда)-и Шӯрои Амният қарор надорад. Баргузории нишаст дар бораи масъалае, ки аз дастури корӣ берун шудааст, танҳо бо ангезаҳои сиёсӣ пайгирӣ мешавад. Русия аз аъзои Шӯрои Амният хоҳиш кард, ки ба дастури кори ин нишаст раъйи манфӣ диҳанд ва аз тазъифи эътибори Шӯро пешгирӣ кунанд. Русия қатъиян ҳар гуна кӯшишро барои беасос баланд кардани шиддат дар бораи Эрон ва истифода аз Шӯрои Амният барои ҳисобҳои сиёсӣ бо Теҳрон рад мекунад».
Your Comment