9 Июл 2026 - 23:17
Source: ABNA
Лафзбазиҳои мақомоти саҳюнистӣ алайҳи Эрон

Бо авҷ гирифтани даргириҳо дар минтақа дар партаи вайронкунии созишномаи имзошуда аз тарафи Амрико, мақомоти саҳюнистӣ боз алайҳи Эрон беҳуда гап заданд.

Тавре ки хабаргузории Абна ба нақл аз Алҷазира хабар медиҳад, Бинёмин Натаняҳу, сарвазири режими саҳюнистӣ, бидуни ишора ба хисорот ва виранӣҳои боқимонда дар сарзаминҳои ишғолшуда дар натиҷаи ҳамлаҳои сангини мӯшакии Эрон, даъво кард, ки низоми ҳоким бар Эрон зарбаи сахт хӯрдааст ва ин кишвар набояд ҳеҷ гоҳ, бо созиш ё бе созиш, ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунад.

Вай инчунин гуфт, ки муҳофизат аз ба истилоҳ «бартарии ҳавоӣ»-и Исроил қисми асосии амнияти дохилии ин режимро ташкил медиҳад ва калиди муҳофизат аз суботи минтақа мебошад! Ба назар мерасад, ки ин қисми суханони Натаняҳу ба Туркия ва кӯшиши ин кишвар барои харидани ҷангандаҳои F-35 аз Амрико равона шудааст.

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ низ даъво кард, ки ин режим барои даври сеюми даргирӣ бо Эрон омода аст! Ин дар ҳолест, ки саҳюнистҳо пас аз чанд моҳ ҳанӯз ба хисоротҳои боқимонда дар сарзаминҳои ишғолшуда дар натиҷаи даргирӣ бо Эрон машғул ҳастанд.

Сардори ситоди артиши режим низ гуфт, ки Тел-Авив вазъи марбут ба Эрон ва Лубнонро аз наздик назорат мекунад ва барои амали фаврӣ омода буда, ба ҳар касе, ки қасди расонидани зарар ба ин режими ғосибиро дошта бошад, посухи қавӣ медиҳад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha