6 Июл 2026 - 15:38
Source: ABNA
Ҷаҳон аз азамати ҳузури мардум дар маросими хидоъ бо пешвои шаҳид ҳайрон шуд

Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ, аз марҷаъи тақлид, бо ишора ба ҳузури васеи мардум дар маросимҳои хидоъ ва тадфини пешвои шаҳиди Эрони исломӣ, гуфтанд: «Дар ин чанд рӯз, тамоми ҷаҳон аз азамати ҳузури мардум ҳайрон шуд ва иншоаллоҳ дар рӯзҳои оянда низ ин ҳузур васеътар хоҳад шуд».

Ба гузориши Агентии байналмилалии иттилоотии Аҳлу-л-Байт (АБНА) — оятуллоҳи азим Нурии Ҳамадонӣ дар дидор бо гурӯҳе аз ширкаткунандагон дар маросими тадфини пайкари мутаҳҳири пешвои шаҳиди Инқилоби исломӣ, бо ишора ба мақоми баланд ва барҷастаи он шаҳид, изҳор доштанд: «Шояд имрӯз барои бисёре аз афрод ҳанӯз ба дурустӣ равшан набошад, ки чӣ шахсияти баргузида ва бузургеро аз даст додаем. Ман эшонро аз солҳои 30-ум мешиносам ва саросар зиндагии эшон пур аз нукоти муҳим, арзанда ва қобили таваҷҷуҳ буд».

Эшон дар идома таъкид карданд: «Душманон бидонанд, ки ин ҳузури ҳамоянӣ, танҳо як қисми арзандагони эшонро нишон медиҳад ва ин марди илоҳӣ дар саросари ҷаҳон дӯстдорон ва дилбастагони фаровон дорад».

Марҷаи олимақоми шиаён идома доданд: «Ҳама бояд бидонанд, ки низои мо бо тафаккури истикборӣ ва зулму ҷиноятест, ки аз сӯи истикбор яъне Амрико ва сиёнист, дар ҳоли анҷом аст ва ин миллат ҳеҷ гоҳ зулмпазир нахоҳад шуд, яъне фарҳанги динӣ ба мо иҷоза намедиҳад, ки бо золим ва истикбор ҳамроҳ шавем».

Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ бо маҳкум кардани омилони ин ҷиноят, тасреҳ карданд: «Омилони ин ҷиноят бидонанд, ки қасоси онҳо қатъӣ аст».

Эшон инчунин дар тавсия ба масъулони кишвар, гуфтанд: «Масъулон қадри ин мардумро бидонанд ва бо ҳифзи ваҳдат ва ҳамбастагӣ, барои ҳалли мушкилоти кишвар талош кунанд ва аз рукни ракин – Вилояти Фақеҳ ҳифоз ва сиёнат кунанд. Ман эътиқод дорам ҳадафи аслӣ ва нахустини душман тазъифи ин мақом аст ва ба ҳама, хусусан хосса ва масъулон, ҳушдор медиҳам, ки ба ин масъала ба таври ҷиддӣ таваҷҷуҳ кунанд».

Your Comment

You are replying to: .
captcha