6 Июл 2026 - 15:35
Source: ABNA
Ансоруллоҳ: фаъолияти фурудгоҳи Санъо идома хоҳад ёфт

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард, ки ба барқарор кардани парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Санъо бе гирифтани иҷозат аз ҳеҷ тарафе идома хоҳад дод.

Ба гузориши Агентии байналмилалии иттилоотии Аҳлу-л-Байт (АБНА) — ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ҳамзамон бо ҳушдор додан ба Арабистони Саудӣ дар бораи дахолат дар Яман эълом кард, ки ба барқарор кардани парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Санъо бе гирифтани иҷозат аз ҳеҷ тарафе идома хоҳад дод.

Ба гузориши ас-Сумария, дар эъломияе, ки аз ҷониби Вазорати умури хориҷаи ҳукумати вобаста ба Ансоруллоҳ дар Санъо нашр шуд, омадааст: «Миллати Яман тасмими худро барои поён додани таҷовуз, шикастани муҳосира ва муқобила бо таҷовузгарон гирифтааст ва новобаста аз ҳар гуна хароҷоте, аз ин тасмим ақибнишинӣ нахоҳад кард».

Ин эъломия меафзояд: «Аз сар гирифтани фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Санъо, ҳаққе ҳокимиятӣ барои Яман аст ва Санъо бе гирифтани иҷозат аз ҳеҷ кас, ин роҳро идома хоҳад дод».

Ансоруллоҳ инчунин Арабистони Саудиро муттаҳам кард, ки бо таҳрифи воқеиятҳо ва воруна нишон додани ҳақиқатҳо, дар талош аст афкори умумро гумроҳ кунад. Ин изҳорот дар посух ба эъломияи иттиҳодияи араб матраҳ шуд, ки дар он, ба Ансоруллоҳ дар бораи ҳар гуна нақзи ҳокимияти Яман ҳушдор дода шуда буд.

Дар эъломияи Ансоруллоҳ таъкид шудааст: «Ҳар амале, ки режими Саудӣ анҷом диҳад, паёмадҳои манфӣ бар устувории минтақа, ки амалан дучори ошӯб аст, хоҳад гузошт ва таъсири фоҷеабор бар иқтисоди ҷаҳонӣ ба бор хоҳад овард».

Ҷунбиши Ансоруллоҳ пештар эълом карда буд, ки Арабистони Саудӣ кӯшиш кардааст аз фуруди ҳавопаймои эронӣ ҳомили 200 шаҳрванди яманӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Санъо ҷилавгирӣ кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha