Ба гузориши хабарии «Абно» ба нақл аз Алҷазира, рӯзномаи «Ню Йорк Таймз» ба нақл аз мақомҳои аврупойӣ гузориш дод, ки Амрико дар ҳоли барномарезӣ барои коҳиши шумораи ҳавопаймоҳо ва киштиҳои ҷангии ҷудошуда ба амалиёти НАТО дар Аврупо аст.
Ин хабар дар ҳолест, ки гузоришҳои интишорёфта аз сӯи расонаҳои аврупойӣ аз нақшаи Амрико барои коҳиши назарраси қобилияти низомии худ дар паймони НАТО ҳикоят дорад. Амале, ки метавонад нишондиҳандаи таъмиқи шикофҳои амниятӣ дар миёни ин иттифоқи низомӣ ва эҳтимоли хуруҷи пурраи Вашингтон аз он бошад.
Бар асоси гузориши ин расонаҳо, Амрико дарсади он аст, ки саҳми низомии худро барои дастгирии иттифоқчиёни аврупойӣ дар вақтҳои буҳрон ба шиддат коҳиш диҳад. Ин масъала коҳиши фиристодани ҷангандаҳо, киштиҳои ҷангӣ, зериобиҳо ва ҳавопаймоҳои сӯзишрасонро низ дар бар хоҳад гирифт.
Ин шикоф дар ду канори уқёнуси Атлантик, пас аз интиқоди Трамп аз аъзои НАТО ба сабаби адми дастгирии кофии нақшаҳои Вашингтон дар таҷовуз ба Эрон амиқтар шудааст.
Your Comment