10 Июн 2026 - 11:33
Source: ABNA
Мақтуби Арақчӣ ба аъзои Шӯрои Ҳокимон дар бораи амали ғайриқонунии зидди Эрон

Вазири умури хориҷаи кишварамон дар бораи амали ғайриқонунии Амрико ва се кишвари аврупоӣ зидди Эрон, ба аъзои Шӯрои Ҳокимон мактуб навишт.

Ба гузориши агентсии хабарии Абна, Сайид Аббос Арақчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар мактубе ба вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои Ҳокимон, ёдовар шуд, ки Амрико банӣ (асосгузори) бӯҳрони мавҷуд аст ва набояд гузошт, ки бо сӯистифода аз Шӯрои Ҳокимон ба денболи қонуният бахшидан ба амалҳои ғайриқонунии худ бошад.

Арақчӣ дар ин мактуб, ки ҳамзамон бо баргузории ҷаласаи фаслӣ (се моҳаи) июни Шӯрои Ҳокимони Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ ирсол шудааст, лоиҳаи қатъномаи пешниҳодкардаи Амрикоро амале сиёсӣ ва аз рӯи бадниҳатӣ тавсиф кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ин ки камтар аз 24 соат пас аз тасвиби қатъномаи соли гузаштаи Шӯрои Ҳокимон дар июни соли 2025, режими Исроил ва Амрико амали ғайриқонунии ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ дар зери ҳифзи Эронро анҷом дода, гурӯҳи зиёдеро аз мардуми Эрон ба шаҳодат расониданд, ин саволро пеш гузошт: "Оё Агентӣ бори дигар қарор аст ба воситае барои сафед кардани таҷовуз алайҳи таъсисоти ҳастаии осоишта табдил шавад?"

Арақчӣ дар ин мактуб таъкид кардааст, ки ҳомии асосии лоиҳаи қатънома, худи сарчашмаи бӯҳронест, ки акнун даъвои расандигӣ ба онҳоро дорад.

Ӯ бо ишора ба ҳамлаҳои сершумори Амрико ва режими Исроил алайҳи таъсисоти ҳастаии осоиштаи Эрон, инчунин терроризм (таррории) олимони ҳастаии Эрон ва аъзои хонаводаҳои онҳо аз июни соли 2025 то кунун, ин амалҳои зиштро дар таърихи Агентӣ бесобита ва бетақрир донист ва изҳор дошт, ки чунин ҳамлаҳо оқибатҳои васеъ барои низоми ҳуқуқи байналмилалӣ, амният ва сулҳи ҷаҳонӣ, низоми паҳн накардан ва иҷрои ҳифзи Агентӣ ба бор овардааст.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон инчунин бо интиқод аз мазмуни лоиҳаи қатъномаи Амрико ёдовар шуд, ки ин матн танҳо ба оқибатҳои таҳаввулоти охир таваҷҷӯҳ карда ва аз ишора ба омилҳо ва решаҳои асосии ташаккули вазъи кунунӣ пешакӣ худдорӣ кардааст.

Арақчӣ бо ишора ба масъулияти аъзои Шӯрои Ҳокимон дар қабули қарор дар бораи ин таҳрики ҷинояткории Амрико, изҳор дошт, ки райъ (овози) кишварҳои узо на танҳо ба парвандаи ҷории Эрон, балки ба эътибор, истиқлол ва ояндаи Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ, инчунин Созишномаи манъи паҳн кардани силоҳи ҳастаӣ (NPT) таъсир хоҳад гузошт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha