Русия аз оқибатҳои қатъномаи зиддиэронии ИМА дар Шӯрои мудирон ҳушдор дод
Ба гузориши Садо ва Симои Эрон, Михаил Ульянов дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар Вена лоиҳаи қатъномаи зиддиэронии ИМА-ро дар Шӯрои мудирон шармовар номид ва ҳушдор дод, ки ин ҳуҷҷат бо интиқоли масъулият аз таҷовузгар ба ҷабрдида, нишонаи ҳаракат ба сӯи афзоиши танишҳост.
Сафир ва намояндаи доимии Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена афзуд: Ин лоиҳа ҳанӯз расман барои раъйдиҳӣ пешниҳод нашудааст. Ман намедонам, ки онҳо ин корро мекунанд ё не, зеро дар шароити аз нав оғоз шудани мубодилаи ҳамлаҳо байни (режими) Исроил ва Эрон, пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо ба миз комилан бемаънӣ аст.
Your Comment