23 Июл 2026 - 08:50
Source: ABNA
Ҳамла ба ду киштии нафткаши саудӣ / Яҳё Сареъ: дар қалби хоки Арабистон посух хоҳем дод

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълон карданд, ки дар як амалиёти низомӣ, ду киштии нафткаши саудиро дар Баҳри Сурх ҳадаф қарор додаанд.

Ба гузориши агентсии иттилоъотии «Абна» ба нақл аз шабакаи «Ал-Масира», Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълон кард, ки дар як амалиёти низомӣ, ду киштии нафткаши саудӣ бо номҳои «ENCELIA» ва «LAYLA» дар Баҳри Сурх ҳадаф қарор гирифтанд.

Дар изҳороти нерӯҳои мусаллаҳи Яман омадааст, ки ин ду киштӣ ба хотири вайрон кардани қарори манъи гузар дар Баҳри Сурх, ҳадафи амалиёт қарор гирифтаанд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман инчунин эълом кард, ки ин амалиёт бо истифода аз якчанд мушаки баллистӣ, мушаки круз ва ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом шуда ва зарбаҳои дақиқ ба ҳадафҳо боиси оташгирӣ дар ин ду киштӣ шудааст.

Дар идомаи ин изҳорот омадааст, ки дар рафти ин амалиёт, тақрибан 10 киштӣ маҷбур ба ақибнишинӣ ва бозгашт шудаанд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман инчунин таъкид кард, ки амалиётҳои баҳрӣ алайҳи Арабистон ва бо ҳадафи татбиқи муодилаи «муҳосира дар муқобили муҳосира» идома хоҳанд ёфт.

Сареъ дар охир ҳушдор дод, ки ҳар гуна амал ё ҳамла аз тарафи Арабистон алайҳи Яман бо амалиёти васеъ дар қалби хоки Арабистон посух дода хоҳад шуд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha