Ба гузориши агентсии иттилоотии «Абна», Сайид Аббос Арағчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи ҷумъа бегоҳ (2-уми Мурдод мувофиқи тақвими Эрон) дар тамоси телефонӣ бо Бадр Абдулъатӣ, вазири умури хориҷаи Миср, оид ба охирин таҳаввулоти минтақавӣ, шадид шудани шиддати ҷории байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида ва роҳҳои барқарорсозии сулҳ, субот ва амният дар минтақаи Осиёи Ғарбӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳамтои мисрии худ оид ба охирин таҳаввулоти минтақавӣ ва роҳҳои барқарорсозии сулҳ, субот ва амният дар минтақаи Осиёи Ғарбӣ ба таври телефонӣ машварат кард.
Your Comment