23 Июл 2026 - 08:49
Source: ABNA
Раиси парлумони Лубнон: интизори ақибнишинии амалии Исроил аз Лубнон ҳастем

Раиси парлумони Лубнон эълом кард, ки интизори муайян шудани натиҷаҳои вохӯриҳои дуҷонибаи Вашингтон ва дараҷаи риояи иҷрои ақибнишинии нерӯҳои исроилӣ аз ҷануби Лубнон аст.

Ба гузориши агентсии иттилоъотии «Абна» ба нақл аз шабакаи «Россия ал-Юм», Набиҳ Беррӣ, раиси парлумони Лубнон эълом кард, ки интизори возеҳ шудани ҷузъиёти вохӯриҳои дуҷонибаи дар Вашингтон баргузоршуда ва дараҷаи уҳдадории тарафҳо дар иҷрои ақибнишинии нерӯҳои исроилӣ аз ҷануби Лубнон мебошад.

Беррӣ инчунин дар посух ба изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи эҳтимоли дахолати режими Ҷулонӣ дар Лубнон, гуфт: Дар ин бора нигарон нестам, зеро ҳеҷ нишонае аз ҷониби Сурия ё Лубнон дар бораи мавҷудияти нияти дахолат ё эҷоди шиддат вуҷуд надорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha