Ба гузориши агентсии иттилоъотии «Абна» ба нақл аз шабакаи «Россия ал-Юм», Набиҳ Беррӣ, раиси парлумони Лубнон эълом кард, ки интизори возеҳ шудани ҷузъиёти вохӯриҳои дуҷонибаи дар Вашингтон баргузоршуда ва дараҷаи уҳдадории тарафҳо дар иҷрои ақибнишинии нерӯҳои исроилӣ аз ҷануби Лубнон мебошад.
Беррӣ инчунин дар посух ба изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи эҳтимоли дахолати режими Ҷулонӣ дар Лубнон, гуфт: Дар ин бора нигарон нестам, зеро ҳеҷ нишонае аз ҷониби Сурия ё Лубнон дар бораи мавҷудияти нияти дахолат ё эҷоди шиддат вуҷуд надорад.
Your Comment