Ба гузориши агентсии хабарии Абна ба нақл аз шабакаи Алҷазира, канали 12 телевизиони режими сиёнистӣ ба нақл аз як манбаи низомии ин режим ошкор кард, ки Ҳизбуллоҳ аз оғози ҷанг то ҳол 450 фарванди дронро ба сӯи мавзеъҳои ин режим партоб кардааст.
Нуқтаи қобили таваҷҷӯҳ дар ин гузориш, таъкид бар истифодаи 120 дрони муҷаҳҳаз ба нахи нурӣ мебошад, ки ба сабаби ҳидояти симӣ, дар баробари ҷанги электронӣ тобовар мебошанд.
Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард: Бори дуввум, ҷамъомади таҷҳизоти низомии артиши режими сиёнистиро дар минтақаи "Ал-Искандаруна" дар ҷануби Лубнон ракетаборон кардааст.
Муқовимати исломӣ инчунин дар баёнияи дигар аз ҳамла бо дронҳои интиҳорӣ ба макони ҷамъомади нерӯҳои ишғолгар дар шаҳри "Бинт Ҷбайл" хабар дод.
Бар асоси ин гузориш, разоварони Ҳизбуллоҳ инчунин бо истифода аз ду фарванди дрони дигар, боз ҷамъомади низомиёни сиёнистиро дар минтақаи "Ал-Искандаруна" ҳадаф қарор доданд, то фишори амалиётӣ дар ин меҳвар нигоҳ дошта шавад.
Your Comment