Ба гузориши агентсии хабарии Абна ба нақл аз шабакаи Алҷазира, сафорати Чин дар Вашингтон дар гуфтугӯ бо агентсии хабарии Рейтер эълом кард, ки дар робита бо Эрон, афзалияти мубрам дар ҳоли ҳозир, пешгирӣ аз бозгашти даргириҳо ва аз сар гирифтани ҷанг бо истифода аз ҳамаи воситаҳои имконпазир аст.
Ин дар ҳолест, ки «Марко Рубио», вазири корҳои хориҷии Амрико низ ҳамзамон дар гуфтугӯ бо Фокс-Ньюз эълом кард, ки Вашингтон дар талош аст Пекинро бовар кунонад, то бо мудохила ва эъмори фишор ба Эрон, ин кишварро маҷбур ба ақибнишинӣ аз амалҳои худ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва обҳои Халиҷи Форс кунад.
Рубио гуфт: Амрико ба Чин ба таври возеҳ эълом кардааст, ки ҳар гуна дастгирӣ аз Эрон муносибатҳои дуҷонибаи Вашингтон ва Пекинро ҷиддӣ осеб мерасонад.
Ин мақоми амрикоӣ, мавзӯи иддаоии дастгирии Чин аз Эронро такрор кард ва гуфт, ки ин мавзӯъ ҳамчун яке аз меҳварҳои асосӣ дар гуфтушунидҳои тиҷоратии оянда бо Пекин матраҳ хоҳад шуд.
Вай инчунин хотирнишон кард, ки ҳадафи умумии Амрико идоракунии ихтилофот бо Чин барои парҳез аз ҷанг ва нигоҳдории суботи ҷаҳонӣ аст.
Your Comment