30 Октябр 2025 - 00:10
Source: ABNA
Дастури Натаняҳу барои азсаргирии ҳамалот ба Ғазза / Ҳамос: Нақзи оташбас тавассути душман монеъи таҳвили ҷасади як асири саҳюнист шуд

Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба баҳонаи беасос дастури ҳамалоти густарда ба Борикаи Ғаззаро содир кард.

Дафтари нахуствазирии режими саҳюнистӣ сешанбешаб муддаӣ шуд, ки Натаняҳу дар пайи кушта шудани як низомии исроилӣ дар Рафаҳ, дастури «ҳамалоти қавӣ»-и фаврӣ ба Ғаззаро содир кардааст.

Ба гузориши Порс Тудей, манобеи бемористонии Ғазза гузориш доданд, бадунболи дастури ҳамлаи Натаняҳу ба минтақаи Борикаи Ғазза, дар ҳамалоти ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи ин борика, 63 фаластинӣ, аз ҷумла 24 кӯдак шаҳид ва беш аз 50 нафар захмӣ шуданд.

125 мавриди нақзи оташбас аз тарафи режими саҳюнистӣ

Дар ҳамин ҳол, дафтари иттилоърасонии давлат дар Ғазза эълом кард, ишғолгарон 125 мавриди нақзи оташбас доштаанд, ки тайи он 94 фаластинӣ шаҳид ва 344 нафар захмӣ шуданд. Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, аз оғози ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн, 68 ҳазору 531 фаластинӣ шаҳид ва ва 170 ҳазору 402 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳамос дар вокуниш ба нақзи оташбас: Ҷасади саҳюнистро таҳвил намедиҳем

Маркази иттилорасонии гурдонҳои Қисом, шохаи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ҳам эълом кард, ҷасади яке аз усарои саҳюнист дар яке аз тунелҳо ёфт шуд, аммо таҳвили онро ба иллати нақзи оташбас аз сӯи ишғолгарон ба таъвиқ меандозем. Таъкид мекунем, ки ҳаргуна ташдиди ҳамалот, монеъи идомаи амалиёти ҷустуҷӯ, ҳаффорӣ ва ёфтани аҷсод мешаваду бозгашти аҷсоди усаро ба таъвиқ хоҳад афтод.

Таъкиди Ҳамос бар поёбандӣ ба оташбас

Ҳамчунин ҷунбиши Ҳамос бо судӯри баёнияе эълом кард, ки ҳеҷ иртиботе бо ҳодисаи тирандозӣ дар Рафаҳ ва кушта шудани як низомии исроилӣ надорад ва бар поёбандии худ ба тавофуқи оташбас таъкид дорад. Ҳамос ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқе дар Борикаи Ғаззаро нақзи ошкори тавофуқи оташбас донист, ки бо миёнҷигарии Доналд Трамп ҳосил шудааст. Ин ҷунбиш аз миёнҷиҳои тазминкунандаи тавофуқ хост, фавран барои маҳори таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи ғайринизомиёну таваққуфи нақзи тааҳҳудот, вориди амал шаванд.

Расонаи саҳюнист: Артиши Исроил ҳеҷ мадраке мабнӣ бар дахолати Ҳамос дар тирандозии Рафаҳ надорад

Дар ҳамин замина расонаи амниятии саҳюнистии « Wallanews» рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба азсаргирии ҳамалоти сангини режими саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ ба баҳонаи тирандозӣ ба низомиёни исроилӣ ва кушта шудани яке аз онҳо навишт: Артиши Исроил ҳеҷ мадраке барои таъийди дахолати Ҳамос дар ҳодисаи тирандозӣ надорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha