Ба гузориши хабаргузории АБНО ба нақл аз рӯзномаи чинии "Глобал Таймс", «Гуо Ҷиакун», сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин, рӯзи сешанбе дар вокуниш ба таъкиди Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва Санаэ Такайчӣ, нахуствазири Ҷопон бар густариши ҳамкориҳои низомӣ, гуфт: "Минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором арсае барои тавсиаи сулҳомез аст. Амрико ва Ҷопон бояд дар ҷараёни тавсиаи равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои амниятии худ, ба сулҳ ва суботи минтақа кумак кунанд, на баръакс."
Ин мақоми чинӣ изҳор дошт, бо таваҷҷуҳ ба собиқаи таҷовузгарии низомии Ҷопон дар даврони муосир, таҳаррукоти низомӣ ва амниятии ин кишвар ҳамеша аз сӯи кишварҳои осиёии ҳамсоя ва ҷомеаи байналмилалӣ ба диққат зери назар будааст.
Вай аз Ҷопон хост нигарониҳои амниятии кишварҳои ҳамсояро дарк кунад ва гуфт: "Аз Тӯкиё мехоҳем ба таври амиқ дар бораи иқдомоти гузаштаи худ таъаммул кунад ва дар масири тавсиаи сулҳомез гом бардорад ва бо иқдомоти амалӣ эътимоди кишварҳои осиёиро ба даст оварад."
Your Comment