27 Октябр 2025 - 10:14
Source: ABNA
Директори кулли Агентӣ: Дониши илмии Эрон нобуд нашудааст; агар ирода кунад, метавонад иқтидори ҳастаии худро барқарор намояд

Рафаэл Гросси, Директори кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, бо таъкид бар ин ки «дониши илмиро наметавон нобуд кард», гуфт, агар Эрон тасмим бигирад, ки зарфиятҳои ҳастаии худро барқарор кунад, ин кор барои кишваре бо азми ҷиддӣ мисли Эрон ғайриимкон нест.

Ба гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) – Абна – Рафаэл Гросси, Директори кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, рӯзи панҷшанбе дар Донишгоҳи политехникии федералии Лозанна (EPFL) дар суханрониe бо мавзӯи дипломатияи ҳастаӣ, чолишҳои ҷаҳонӣ ва нақши Агентӣ ба пурсишҳои ҳозирон посух дод.

Вай бо ишора ба афзоиши таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба энергияи ҳастаӣ гуфт: Ба ҷуз Олмон, кишварҳои дигар ё ҳамчунон аз ин энергия истифода мекунанд ва ё дар ҳоли бозбинӣ дар сиёсатҳои худ ҳастанд. Ӯ ҳамчунин бар нақши фановарии ҳастаӣ дар дармони саратон, мудирияти манобеи обӣ ва коҳиши олудагиҳои муҳитизистӣ бавижа дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа таъкид кард.

Барқарорсозии эътимод бо Эрон; бидуни бозрасӣ имкон надорад

Гросси бо ишора ба ҳамлаҳои суратгирифта алайҳи тасҳилоти ҳастаии Эрон дар моҳи июни гузашта, онро «тақрибан боварнакарданӣ» хонд ва гуфт: «Тавофуқи БАРҶОМ тадриҷан канор гузошта шуд ва акнун мо дар ҳоли талош барои барқарорсозии эътимод бо Эрон ҳастем. Бидуни режими бозрасиҳои дақиқ, имкони бозгашт ба эътимод вуҷуд надорад.»

Ӯ афзуд: «Агар бозрасиҳо анҷом нашавад, хатари боқӣ мондани масъала ба сурати нимабоз вуҷуд дорад, ки метавонад ба истифодаи дубора аз зӯр мунҷар шавад.»

Агентӣ ва Исроил; сиёсати ибҳоми ҳастаӣ

Дар посух ба пурсише дар бораи узв набудани Исроил дар паймони NPT ва набуди бозрасӣ аз тасҳилоти он, Гросси гуфт: «Агентӣ ихтиёри рафтан ба он ҷоро надорад. Исроил сиёсати ибҳоми ҳастаиро дунбол мекунад ва мо фақат тасҳилоти ғайрироҳбурдии онро бозрасӣ мекунем.»

Вай бо ишора ба кишварҳое, ки узви NPT нестанд, аз ҷумла Ҳинд, Покистон, Куриёи Шимолӣ ва Исроил, гуфт: «Ин вазъият мумкин аст ноодилона ба назар бирасад, аммо мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки одил нест.»

Эрон силоҳи ҳастаӣ надорад

Директори кулли Агентӣ дар посух ба интиқодҳо дар бораи нақши гузоришҳои Агентӣ дар ҳамлаҳои ахир ба Эрон гуфт: «Дар гузориши ахир ба суръат эълом кардам, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ надорад ва барномае барои сохти он низ надорад. Албатта, саволҳое дар бораи шаффофияти барномаи Эрон вуҷуд дорад.»

Ӯ афзуд: «Мо дар ҳоли талош барои канор ҳам гузоштани унсурҳои як тавофуқи ҷадид ҳастем. Эрон зарфиятҳои илмии худро ҳифз карда ва агар ирода кунад, метавонад онҳоро барқарор намояд.»

Гросси дар поён таъкид кард, ки танҳо роҳҳалли пойдор барои парвандаи ҳастаии Эрон, роҳҳалли дипломатик аст ва Агентӣ дар талош аст бо истифода аз дипломатияи ором ва пуштипарда, аз ташдиди танишҳо дар минтақа ҷилавгирӣ кунад.


Your Comment

You are replying to: .
captcha