Дар поёни рақобатҳои 4 вазни нахусти куштии фарангии зери 23 соли қаҳрамонии ҷаҳони 2025 дар Сербия, Ғуломризо Фаррухӣ дар 87 ва Фардин Ҳидоятӣ дар вазни 130 килограм аз тими куштии фарангии Эрон, соҳиби медали тилло шуданд.
Ба гузориши Порс Тудей, Фардини Ҳидоятӣ, куштигири эронӣ дар финали вазни 130 килограми куштии фарангӣ дар пайкорҳои зери 23 соли қаҳрамонии ҷаҳон бо натиҷаи 8 бар сифр Размик Курдиан аз Арманистонро мағлуб кард ва ба медали тилло даст ёфт.
Ғуломризо Фаррухӣ дигар куштигири эронӣ низ дар дидори ниҳоии вазни 87 килограм, баробари Иван Чемир аз Украина ба рӯи тушак рафт ва дар поён бо имтиёзи олӣ 10 бар сифр ба бартарӣ расиду соҳиби медали тиллои зери 23 сол ҷаҳон шуд.
Пайкорҳои куштии фарангии зери 23 соли қаҳрамонии ҷаҳон тайи рӯзҳои 28 меҳр то аввали обон дар Сербия дар ҳоли баргузорист.
Your Comment