2 Октябр 2025 - 13:54
Source: ABNA
Оғози иҷрои Аҳдномаи Шарикии Ҳамагони Стратегӣ миёни Эрон ва Русия

Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки Аҳдномаи шарикии ҳамагони стратегӣ миёни Русия ва Эрон аз имрӯз расман мавриди иҷро қарор мегирад.

Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт(а) ـ Абно ـ Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки Аҳдномаи Шарикии Ҳамагони Стратегӣ миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар таърихи 17 январи соли 2025 (27 Дайи 1403) тавассути раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Маскав имзо шуда буд, аз имрӯз 2 октябри соли 2025 (10 Меҳри 1404) расман вориди фазаи иҷроӣ шуд.

Тибқи баёнияи Вазорати хориҷии Русия, "Ин аҳднома як нуқтаи гардиши муҳим дар таърихи равобити дуҷонибаи Русия ва Эрон маҳсуб мешавад ва сатҳи равобити ду кишварро ба марҳалаи ҷадиде аз шарикии стратегии ҳамагонӣ иртиқо додааст. Ин санад хатт-машшиҳои калидӣ барои ҳамкориҳои дарозмуддат дар тамоми ҳавзаҳои авлавиятдорро таъйин мекунад."

Бар асоси ин аҳднома, ду кишвар ҳамкориҳои худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият хоҳанд кард ва дар ростои шаклгирии низоми ҷаҳонии чандқутбӣ, ҳамоҳангии наздике дар чорчӯби созмонҳои чандҷониба хоҳанд дошт. Ҳамчунин, талошҳои муштараке барои тақвияти субот ва амнияти минтақавӣ ва муқобила бо чолишҳо ва таҳдидоти муштарак пешбинӣ шудааст.

Дар поёни ин баёния омадааст: "Ин тавофуқнома, интихоби стратегии раҳбарони сиёсии аршади ду кишвар барои тааммиқи равобити дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣро нишон медиҳад, ки дар ростои манофеи бунёдии миллатҳои Эрон ва Русия аст."

Your Comment

You are replying to: .
captcha