Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт (а) – Абна – Дар пайи даргузашти ҳамсари мукаррами Оятуллоҳулъузмӣ Сайид Алӣ Систонӣ, Роҳбари муаззами Инқилоб Ҳазрати Оятуллоҳулъузмӣ Хоманаӣ дар паёми таслияте ба ин марҷаи бузург таслият гуфтанд.
Матни паёми Роҳбари Инқилоби исломӣ ин аст:
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳазрати Оятуллоҳ ҷаноби Ҳоҷ Сайид Алӣ Систонӣ, дамат баракотуҳу
Даргузашти ҳамсари мукаррами он ҷанобро таслият арз мекунам ва аз Худованд барои эшон раҳмат ва мағфирати илоҳӣ мехоҳам.
Сайид Алӣ Хоманаӣ | 7 меҳри 1404
Your Comment