28 Сентябр 2025 - 13:24
Source: ABNA
Иддаои Тел-Авив дар бораи ишғоли беш аз нисфи шаҳри Ғазза

Манбаъҳои саҳюнистӣ иддао карданд, ки беш аз нисфи шаҳри Ғазза ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ ишғол шудааст.

Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Маъон, рӯзномаи саҳюнистии Уршалим Пост ба нақл аз манбаъҳои огоҳ иддао кард, ки артиши режими саҳюнистӣ беш аз нисфи шаҳри Ғаззаро ба ишғоли худ даровардааст.

Бар асоси ин гузориш, 800 ҳазор фаластинӣ дар ин минтақа дубора овора шудаанд. Бахши иттилоърасонии артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҷангандаҳои ин режим тайи 24 соати гузашта 120 минтақаро дар Навори Ғазза мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Ин дар ҳолест, ки бемористонҳо, мактабҳо ва зерсохтҳои Навори Ғазза, бахусус манотиқи маскунӣ, ҷузъи ҳамешагии бонки аҳдофи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ мебошанд.

Лозим ба зикр аст, ки баъд аз гузашти 2 сол аз оғози ҷанги Ғазза, низомиёни ишғолгар ҳанӯз натавонистаанд маҳалли нигаҳдории асирони саҳюнистиро дар ин борика пайдо кунанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha