Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, флоти ҷаҳонии "Ас-Самуд", ки барои шикастани муҳосираи Навори Ғазза дар ҳоли ҳаракат аст, рӯзи сешанбе ба минтақаи марзӣ байни обҳои байналмилалӣ ва обҳои ҳудудии Юнон дар наздикии ҷазираи Крит наздик шуд.
Бар асоси гузориши шабакаи "Ал-Ҷазира", интизор меравад ки қаиқҳо ва киштиҳои Юнон низ ба ин флот дар наздикии ҷазираи Крит мулҳақ шаванд то ба сурати ҷамъӣ ба самти обҳои ҳудудии Фаластин ҳаракат кунанд. Пешбинӣ мешавад, ки ин флот зарфи шаш рӯзи оянда ба Ғазза бирасад.
Ин шабака ҳамчунин гузориш дод, ки барои сеюмин шаби мутаволӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишини ношинос болои киштиҳо мушоҳида шудаанд; иқдоме, ки мудирияти флот онро талоше барои ҷиноигардонӣ ва заиф кардани маъмурияти инсонии ин флот донистааст.
Мудирияти флоти "Ас-Самуд" таҳдидҳои режими саҳюнистӣ алайҳи флотрро маҳкум карда ва таъкид кардааст, ки маъмурияти ин флот, як иқдоми сулҳомез ва башардӯстона аст, ки мутобиқ бо қавонини байналмилалӣ ҳаққи интиқоли кумакҳои баҳриро ба Навори Ғазза дорад.
Пештар низ эълом шуда буд, ки ду ҳавопаймои бесарнишини Исроил ду киштиро дар бандари Сайди Бусаид дар Тунис дар ҳамлаҳои ҷудогона ҳадаф қарор додаанд; дар ҳоле ки режими ишғолгар дар ин бора сукут кардааст.
Ин флот, ки аз ҳудуди 23 рӯз пеш ҳаракати худро оғоз кардааст, шомили даҳҳо киштӣ ва қаиқ аз ҳудуди 50 кишвари ҷаҳон аст ва бузургтарин маъмурияти баҳрӣ барои шикастани муҳосираи Ғазза маҳсуб мешавад.
Ин нахустин бор аст, ки ин теъдод киштӣ ба таври ҷамъӣ ба самти Ғазза ҳаракат мекунанд; минтақае, ки дар ҳоли ҳозир бо бӯҳрони шадиди қаҳтӣ рӯ ба рӯ аст ва то кунун ҷони 440 фаластиниро гирифтааст.
Your Comment