Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (а) – АБНА – бар асоси гузориши хабаргузории миллии Лубнон, як паҳподи исроилӣ шоми душанбе як мошинро дар наздикии масҷиди маҳаллаи Зовут, воқеъ байни ду шаҳри Ал-Ҷия ва Барҷо дар минтақаи Иқлим-ул-Харруб, мавриди ҳадаф қарор дод. Ин минтақа дар ҳудуди 30 километрии ҷануби Байрут қарор дорад. Манбаъҳои расмӣ эълом карданд, ки ин ҳамла, соатҳо пас аз маҷмӯае аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба шарқи Лубнон сурат гирифт, ки ба гуфтаи Вазорати беҳдошти Лубнон, мунҷар ба шаҳодати панҷ нафар шуд. Артиши Исроил иддао карда буд, ки ин ҳамлаҳо мавзеъҳои мутааллиқ ба Ҳизбуллоҳро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Як паҳподи исроилӣ шоми душанбе як мошинро дар наздикии масҷиди маҳаллаи Зовут, воқеъ байни ду шаҳри Ал-Ҷия ва Барҷо дар минтақаи Иқлим-ул-Харруб, мавриди ҳадаф қарор дод.
Your Comment