7 Сентябр 2025 - 18:37
Source: Parstoday
Аз дастгирии садҳо ҳомии Фаластин дар Англия то таътилии «Elbit»

Пулиси Англия, садҳо муътаризро дар ҳимоят аз Фаластин боздошт кард.

Полиси Англия, садҳо нафар аз ширкаткунандагон дар тазоҳуроти ҳимоят аз гурӯҳи «Иқдом барои Фаластин»-ро дастгир кард. Бино ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Евронюз, беш аз 425 нафар дар тазоҳуроте, ки рӯзи шанбе алайҳи мамнӯъияти вазъшудаи давлати Англия барои фаъолияти гурӯҳи «Иқдом барои Фаластин» баргузор шуда буд, дастгир шуданд.

Садҳо нафар дар майдони Парлумон дар маркази Лондон ҷамъ омаданд, то бо мамнӯъияти фаъолияти ин гурӯҳ мухолифат кунанд ва бархе плакатҳое дар даст доштанд, ки рӯи онҳо навишта шуда буд: «Ман бо наслкушӣ мухолифам, ман аз Иқдом барои Фаластин ҳимоят мекунам.»

Бар асоси видеоҳои мавҷуд, маъмурони англис ба муътаризони мусолиматомез ҳамла карда ва онҳоро мавриди лату кӯб қарор доданд.

Полиси Англия дар ҳафтаҳои ахир садҳо нафар аз ҳомиёни гурӯҳи «Иқдом барои Фаластин»-ро бо тарҳи иддаои иҷрои қонуни зиддитерроризм боздошт кардааст.

Дар ҳафтаи гузашта беш аз 500 нафар аз ҳомиёни гурӯҳи «Иқдом барои Фаластин» дар як рӯз дастгир шуданд, ки бештари онҳо синнашон болои 60 сол буд. То кунун видеоҳои мухталифе аз бархӯрдҳои хушунатбори полиси Англия бо ширкаткунандагон дар таҷаммӯъҳои эътирозӣ дар ҳимоят аз гурӯҳи «Иқдом барои Фаластин» мунташир шудааст.

Пештар низ давлати Англия дар моҳи июли соли 2025 бо иддаои қарор гирифтани иқдомҳо ва фаъолиятҳои гурӯҳи «Иқдом барои Фаластин» дар чорчӯби қавонини зиддитерроризм, фаъолияти ин гурӯҳро мамнӯъ эълом кард. Ин мамнӯъият ҳимоят ё узвият дар гурӯҳи «Иқдом барои Фаластин»-ро ҷурм дониста ва муҷозоти то 14 сол ҳабсро барои он таъйин кардааст.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ тасмими Англияро барои мамнӯъияти ин гурӯҳ номутаносиб дониста ва мегӯянд, ки ин тасмим, ҳаққи озодии баён ва таҷаммӯи муътаризони мусолиматомезро маҳдуд мекунад.

Созмони Авфи Байналмилал дар вокуниш ба мавҷҳои мухталифи боздошти ҳомиёни гурӯҳи «Иқдом барои Фаластин» дар Англия эълом кард, ки ин дастгириҳо нишон медиҳад, ки чизе дар Англия бисёр иштибоҳ пеш меравад.

Аз сӯи дигар, рӯзномаи «Гардиан»-и Англия гузориш дод, ки ширкати системаҳои таслиҳотии исроилии « Elbit Systems UK» тасмим гирифтааст дафтари худро дар Бристол, ки ҳадафи эътирозҳои фаъолони ҷунбиши «Иқдом барои Фаластин» қарор дошт, таътил кунад. Бинои ширкати « Elbit Systems UK» дар маҷмааи тиҷории «Азтек Вест», аз соли 2019 маҳалли баргузории даҳҳо тазоҳурот тавассути «Иқдом барои Фаластин» будааст.

«Elbit Systems UK» шохае аз ширкати модари исроилӣ аст, ки яке аз бузургтарин тавлидкунандагони силоҳ дар режими саҳюнистӣ ба шумор меравад. Ин ширкат худро «сутуни муҳра»-и флоти ҳавопаймоҳои бесарнишини артиши ин режим тавсиф мекунад, ки ба таври густурда дар ҳамла ба Ғазза истифода шудааст. Барномаҳои он шомили системаҳо барои ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ, қаиқҳои контрол аз роҳи дури мусаллаҳ, воситаҳои нақлиёти заминӣ ва ҳамчунин системаҳои фармондеҳӣ ва назорат аст.

Andrew Feinstein, коршиноси тиҷорати ҷаҳонии силоҳ ва узви собиқи парлумони Африқои Ҷанубӣ, ин таътилиро «бисёр муҳим» тавсиф кард ва афзуд: «Бояд ба хотир дошта бошем, ки Elbit Systems дар канори саноати ҳавофазои режими саҳюнистӣ яке аз ду ширкати муҳими тавлидкунандаи силоҳ дар Исроил аст, ба ин маъне, ки бидуни шак унсури аслӣ дар маҷмааи саноатии низомии Исроил аст.»

Дар соли гузашта, Elbit, ширкати фаръии худ дар «Вест Мидлендз» «Elite KL» (ки акнун бо номи Calatherm шинохта мешавад)-ро пас аз коҳиши 75-дарсадии фоидаи амалиётӣ дар соли 2022 дар натиҷаи афзоиши хароҷоти амниятӣ пас аз ҳадаф қарор гирифтани дафтари он дар «Тамворт» тавассути «Иқдом барои Фаластин», фурӯхт. Соҳибони ҷадид таъйид карданд, ки ҳеҷ робитае бо «Elbit» нахоҳанд дошт ва қарордодҳои дифоии онро лағв карданд.

Ҳамчунин дар соли 2022, ин ширкат воҳиди « Ferranti»-ро дар Олдҳам пас аз 18 моҳи эътирозҳои «Иқдом барои Фаластин» ва созмони «Сулҳи Олдҳам» фурӯхт.

Маҷаллаи «Прайвет Ай» (Private Eye) моҳи гузашта ифшо кард, ки «Elbit Systems UK» бахше аз консорсиумест, ки дар остонаи бурдани қарордоди 2-миллиард фунтӣ аст, ки онро ба «шарики стратегӣ»-и Вазорати дифои Англия табдил мекард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha