Бино ба гузориши Порс Тудей, Teresa Ribera, мақоми испаниягии ин ниҳоди аврупоӣ, аз мунтақидони сарсахти амалиёти низомии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба шумор меравад ва дар суханронии худ дар рӯзи панҷшанбе ба таври ошкор ва барои нахустин бор аз истилоҳи наслкушӣ алайҳи Исроил истифода кард.
Вай дар суханронии худ дар «Донишгоҳи Сайнс-По» хитоб ба донишҷӯён гуфт: «Наслкушӣ дар Ғазза, нишондиҳандаи нотавонии Аврупо дар иқдом ва яксадоӣ аст, ҳатто бо вуҷуди ин ки эътирозҳо дар шаҳрҳои аврупоӣ густариш ёфта ва 14 узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостори оташбаси фаврӣ шудаанд». Изҳороти Ribera хеле зуд мавриди интиқоди мақомоти режими саҳюнистӣ қарор гирифт ва Исроил вайро ба сухангӯӣ барои Ҳамос муттаҳам кард.
Аз сӯи дигар, сухангӯёни Иттиҳоди Аврупо дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел, қароргоҳи ин блок, дар рӯзи ҷумъа адами мувофиқати худро бо изҳороти ин мақом эълом карданд. Paula Pinho, сухангӯи аршади Комиссияи Аврупо, дар ҳамин замина ба хабарнигорон гуфт: «Қазоват дар мавриди ин савол ва таъриф бар уҳдаи Комиссия нест, балки дар воқеъ бар уҳдаи додгоҳҳост ва ҳеҷ тасмиме аз сӯи комиссарҳо дар мавриди ин мавзӯи хос гирифта нашудааст».
Вай ҳамчунин дар посух ба саволи як рӯзноманигор, ки аз ӯ пурсид «Оё Комиссия бо мавзеъҳои Ribera мувофиқ аст», гуфт: «Ҳеҷ мавзеъе аз сӯи Комиссия дар ин маврид вуҷуд надорад.»
Анвар ал-Анунӣ, сухангӯи Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, низ бо ҳимояти комил аз суханони Pinho иддао кард: «Аз нуқтаи назари таърифи наслкушӣ, ташхиси ин ки оё ҷиноятҳои байналмилалӣ, аз ҷумла наслкушӣ рух додааст ё не, дар салоҳияти додгоҳҳои миллӣ ва ҳамчунин додгоҳҳо ва маҳокими байналмилалӣ аст, ки салоҳияти додгоҳӣ доранд».
Ин мавзеъгирии Комиссияи Аврупо нишондиҳандаи равиши воқеии ин ниҳоди аврупоӣ дарбораи ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза, бахусус наслкушӣ ва низ истифодаи силоҳи гуруснагӣ алайҳи фаластиниҳои Ғазза аст. Бо вуҷуди бархе маҳкумиятҳои зоҳирӣ аз ҷониби ниҳодҳо ва мақомоти аврупоӣ, ин мавзеъгирии дигар мақомоти Комиссияи Аврупо ба унвони рукни иҷроии Иттиҳоди Аврупо, он ҳам дар муқобили мавзеи сареҳи Teresa Ribera, муовини иҷроияи Комиссияи Аврупо, мабнӣ бар наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза нишон медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо дар амал ҳомии Исроил аст ва ба ҳамин далел аз ҳар гуна иқдоме ба манзури таҳрим ё муҷозоти режими саҳюнистӣ худдорӣ мекунад.
Нуктаи муҳим ин ки вазирони хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар нишасти ғайрирасмии худ дар 30-юми август дар Копенгаген, пойтахти Дания, қасд доштанд дарбораи чигунагии фишор бар режими саҳюнистӣ барои поён додан ба ҷанги Ғазза тасмимгирӣ кунанд, аммо ин нишаст ба саҳнаи намоиши ихтилофоти онҳо табдил шуд.
Kaja Kallas, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, пас аз ин нишаст гуфт, ки аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон дар мавриди ҷанги Ғазза ихтилофи назар доранд. Вай эътироф кард, ки ин ихтилофи назар ба эътибори байналмилалии Иттиҳоди Аврупо латма мезанад.
Ӯ гуфт: «Возеҳ аст, ки кишварҳои узв бар сари чигунагии эҷоди тағйир дар масири Исроил ихтилофи назар доранд. Гузинаҳо возеҳ аст ва ҳанӯз рӯи миз аст. Мо гузинаҳоро пешниҳод додаем. Аммо мушкил ин аст, ки ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо он мувофиқ нестанд.»
Ин дар ҳолест, ки «Анҷумани байналмилалии муҳаққиқони наслкушӣ» (International Association of Genocide Scholars) ба унвони бузургтарин созмони ҳирфаии мустақил дар ин замина ба тозагӣ эълом кард, ки Исроил дар навори Ғазза муртакиби наслкушӣ мешавад. Ин шабакаи мустақар дар Фаронса хотирнишон мекунад, ки тасмими ин анҷумани 500-узвии байналмилалӣ метавонад ба инзивои бештари Исроил дар афкори умумии ҷаҳон мунҷар шавад ва ба феҳристи афзояндаи созмонҳое, ки аз ин вожа барои иқдомоти Исроил дар навори Ғазза истифода мекунанд, биафзояд.
Анҷумани байналмилалии муҳаққиқони наслкушӣ, Исроилро ба ҷиноятҳое аз ҷумла «ҳамлаҳои беҳадаф ва амдӣ алайҳи ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ» дар навори Ғазза муттаҳам карда ва аз он хостааст, то ба суръат «тамоми иқдомотеро, ки наслкушӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият алайҳи фаластиниҳо дар Ғазза маҳсуб мешавад, мутаваққиф кунад.» Аммо режими саҳюнистӣ ин иттиҳомро рад ва қатъномаи анҷуманро «мояи шармандагӣ барои ҳирфаи ҳуқуқӣ» хондааст.
Your Comment