Friedrich Merz Садри аъзами Олмон изъон кард, ки Аврупо дар ҷаҳон розӣ нест. Ба гузориши Поср тудей ба нақл аз Исно, Friedrich Merz Садри аъзами Олмон ба тозагӣ таъкид кард « Аврупо дар мавқеъияти нест, ки битавонад тақшеро, ки бихоҳад дар умури ҷаҳон ифо кунад».
«Мерз» гуфт: «Ончӣ этироф мекунам маро нигарон мекунад, ин аст ки мо аврупоиҳо дар ҳоли ҳозир нақшеро ки дустдорем дар ҷаҳон ифо кунем ва нақшеро, ки бояд барои ҳифозати кофӣ аз манофеъи худ дошта бошем, ифо намекунем.»
Ӯ дар ин мусоҳиба тавзеъ дод, ки « Аврупо дар талош аст то худро дубора муттаҳид кунад ва Олмон, ба унвони бузургтарин кишвари минтақа, нақши муҳиме дар ин чорчӯб ифо кунад. Бо ин ҳол, тавоноии Аврупо барои анҷоми иқдомоти мустақил маҳдуд аст, ҳамон тавре, ки буҳрони Украина анишон медиҳад, ҷое, ки кишварҳои аврупоӣ фоқиди абзорҳои фишори кофӣ барои дастёбӣ ба натоиҷӣ ҳастанд, ки манофеъи онҳоро бароварда кунад.»
Ба эътиқоди коршиносони сиёсӣ , фаъол бӯдани Аврупо фоидае барои ҳалу фасли муноқишот , ҷангҳо ва ба вижа наслкушиҳо надорад чаро ки Аврупо худ дорои пишинаи истеъморгарӣ аст .
Аврупоеҳо нишон додаанд ки агар ба фаъолият дар ҷаҳон бипардозанд натиҷааш мешавад алам шудани режимӣ мисли Исроил . Исроиле, ки ба роҳатии ҷавлон медиҳад , одам мекушад , сарзамин ишғол мекунад ва дар ниҳоят аз сӯйи кишварҳои ғарбӣ ҳимоят мешавад .
Нуктаи муҳим дар инҷо инаст ки беҳтараст аврупо дар ҳамин ҳолати ғайри фаъолу хунсои худ бимонад чун то ба ҳоли фаъолиятҳояш пайомади ҷуз афзоиши наслкушии фаластиниён тавассути режими саҳюнистӣ , ташдиди ҷанг дар Украина , ривоҷи исломҳаросӣ , хушунату табъиз дар дунё надошта аст .
Дар ҳоле ки гузоришҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ монанди афви байналмилал ба равшанӣ аз ҷиноёти ҷангӣ ва сиёсати наслкушӣ дар Ғазза сухан мегӯянд , ҳимояти низомии бархе аз қудратҳои аврупоӣ ба широкати Амрико аз Исроил ҳамчунон бо қудрат идома дорад . Ин ҳимоят , на танҳо як иқдоми сиёсӣ ё диплумотик нест , балки ба маънои мушорикати мустақим дар як фоҷеъаи инсонӣ аст ки виҷдони бедори ҷаҳониро ба чолиш кашида аст .
Дар канори иёлоти муттаҳидаи Амрико ки бидӯни шак , бузургтарин таъменкунандаи силоҳ барои Исроил аст номи кишварҳои аврупоӣ низ ба чашм мехӯрд .
Олмон ба унвони як кишвари аврупоӣ , дуюмин содиркунандаи бузурги силоҳ ба Исроил маҳсӯб мешавад . Ин кишвар дар ду соли ахир , ба вижа пас аз 7 актбр2023 , сиёсатҳои суннати худро канор гузошта ва содироти низомии худ ба Исроилро ба шиддат афзоиш дода аст.
Бар асоси гузориши Вазорати иқтисоди Олмон , содироти таслеҳотии ин кишвар ба Исроил дар соли 2023 ба ҳудӯди 10 баробари сол қабл аз он расидааст . Ин афзоиш шомили муҳимотӣ барои танкҳо ва қоиқҳои ҷангӣ аст ки дар муҳосира ва ҳамла ба Ғазза мавриди истифодаи қарор гирифтаанд .
Англис ҳам яки дигар аз шуракои аслии Исроил дар замина низомӣ аст . Агарчӣ ҳаҷми содироти ин кишвар ба андозаи Амрико ё Олмон нест , аммо Британия таъминкунандаи қатаъоту системаҳои калидӣ барои таслеҳоти исроилӣ , аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷанганда ва системаҳои радарӣ аст .
Ширкатҳои британиаяӣ қатаъоти ҳаётӣ барои ҷангандаҳои Ов - 35 ( F - 35 ) ки дар ҳамалоти ҳавоӣ ба Ғазза истифода мешаванд , тавлид мекунанд . Гузоришҳо нишон медиҳад ки бидӯни ин қатаъот , бисёре аз ин ҷангандаҳо наметавонанд дар амалиёт боқӣ бимонанд .
Фаронса низ яке аз таъминкунандагон силоҳ барои Исроил аст . Ширкатҳои фаронсавӣ қатаъоти электроникӣ ва таҷҳизоти Ннзомӣ барои артиши Исроил таъмин мекунанд .
Илова бар Фаронса , кишварҳоӣ монанди Канада ва Италия низ ба таври ғайримустақим ва аз тариқи содироти қатаъоту системаҳои низомӣ , дар таслиҳи Исроил нақш доштаанд .
Ба эътиқоди коршиносони сиёсӣ , ин кишварҳо ағлаб дар маҷомеъи байналмилалӣ хостори оташбасу роҳи ҳали сиёсӣ ҳастанд , аммо дар амал , бо идомаи содироти таслеҳот , ба Исроил иҷоза медиҳанд то ба сиёсатҳои низомии худ идома диҳад .
Ногуфта пайдост , то замонӣ ки кишварҳои аврупоӣ бо чароғи сабзи Амрико ба таслиҳи мошини ҷангии Исроил идома диҳанд , ин режим бидӯни нигаронӣ аз авоқиб , ба сиёсатҳои хушунатомези худ идома хоҳад дод .
Танҳо бо аъмоли таҳримҳои таслеҳоти ҷаҳонӣ ва фишори байналмилалӣ метавон ба ин чархаи хушунат поён доду роҳро барои як роҳи ҳали одилона ва пойдор ҳамвор кард . Сукут дар баробари ин фоҷеъа , ба маънои мушорикат дар он аст ва таърих , ин сукутро фаромӯш нахоҳад кард . Ҳол бояд пурсед ки Аврупо токунӯн чӣ нақши башардӯстона дар дунё ифо кардааст ?
Your Comment