7 Сентябр 2025 - 19:08
Source: Parstoday
Иқтисоди Осиё / Ҷаҳиши содироти Эрон ба Африқо ҳамзамон бо талоши секунҷаи Русия, Чин ва Ҳинд барои муқобила бо Амрико

Таҳаввулоти иқтисодии ахир дар Осиё нишон медиҳад, ки муодилоти тиҷоратии ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст.

Ҷаҳиши содироти Эрон ба Африқо, ҳамзамон бо талоши секунҷаи Русия, Чин ва Ҳинд барои шаклдиҳӣ ба муқовимати иқтисодӣ дар баробари Амрико ва фишорҳои тоза бар иқтисоди Осиё, нишон медиҳад, ки муодилоти тиҷоратии ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст. Дар ин бастаи хабарӣ нигоҳе шудааст ба таҳаввулоти иқтисоди Осиё, ки дар идома мехонед:

Ҷаҳиши содироти Эрон ба Африқо; фурсатҳо ва чолишҳои пеши рӯ

Масъуд Бираҳман, раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Африқои Шарқӣ, эълом кард, ки содироти Эрон ба Африқо дар чаҳор моҳи нахусти соли 1404-и шамсӣ (аз охири моҳи март то охири моҳи июли 2025) беш аз ду баробар шуда ва теъдоди мақсадҳои содиротӣ аз 29 кишвар ба 34 кишвар афзоиш ёфтааст.
Бар асоси додаҳои гумрук, дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ содироти Эрон ба Африқо ҳудуди 260 миллион доллар буда, ки 85 дарсад рушд нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл доштааст. Ин раванди афзоишӣ эҳтимолан дар панҷ моҳи нахуст низ идома дошта, агарчи омори расмии он ҳанӯз мунташир нашудааст. Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон, монеаҳои тиҷорат бо Африқоро мушкилоти логистикӣ, стандартҳо ва иҷозатномаҳо, хатарҳои арзӣ, монеаҳои ғайритарифӣ, қонунҳои гумрукии печида, хароҷоти ҳамлу нақл ва суғурта, ва заъфи шабакаи хидматрасонии пас аз фурӯши колоҳои саноатӣ унвон кард.
Бираҳман далелҳои афзоиши содироти Эрон ба Африқоро дипломатияи фаъоли Эрон-Африқо, густариши мақсадҳои содиротӣ, танаввуи колоҳои содиротӣ (монанди маводи ғизоӣ, дору, поруҳо, петрохимияи сабук ва масолеҳи сохтмонӣ), тавсеаи мубодилаи мол ба мол (таҳотур) ва истифода аз арзҳои маҳаллӣ, беҳбуди масирҳои ҳамлу нақли баҳрӣ ва ниёзи баланди қитъаи Африқо ба колоҳои асосӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонии ғизо ва энергия донист ва пешбинӣ кард раванди рушди содирот дар нимаи дувуми соли 1404-и шамсӣ низ идома ёбад.

Русия, Чин ва Ҳинд; секунҷаи муқовимати иқтисодии ҷаҳон дар баробари сиёсатҳои тиҷоратии Амрико

Хабаргузории Блумберг дар гузорише эълом кард, ки Русия, Чин ва Ҳинд метавонанд ба кишварҳои ҷаҳон дар муқобила бо сиёсатҳои тиҷоратии Амрико кумак кунанд. Ҳамкории энергияи ин се кишвар, ки шомили лоиҳаи хатти лулаи "Қудрати Сибир 2" барои афзоиши содироти гази Русия ба Чин ва идомаи хариди энергияи Русия тавассути Ҳинд аст, ба унвони омили муҳиме дар баробари фишорҳои Амрико матраҳ шудааст.
Ин се кишвар сеяки ҷамъияти ҷаҳон ва ҳудуди чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд ва метавонанд ҷойгузине барои доллар ва фурсатҳои сармоягузории ҷадид эҷод кунанд. Бо ин ҳол, танишҳо миёни Ҳинд ва Чин ва нигарониҳои мавҷуд, монеи ҳамкории комили онҳо шудааст.

Тиҷорати пойдор ва коҳиши монеаҳои тарифӣ, авлавияти ОСЕОН

Иттиҳоди кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё, мавсум ба "ОСЕОН" ба дунболи густариши шарокатҳои ҷаҳонӣ бо Чин, Ҳинд, Кореяи Ҷанубӣ ва Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс аст. Иқтисоди рақамӣ ва такмили "Чорчӯби иқтисоди рақамии ОСЕОН" дар миёни рақобати ҷаҳонӣ бар сари технологияҳои навин ба унвони муҳаррики рушди оянда матраҳ аст.
Дар баробари таҳдидҳои ношӣ аз чандпорагӣ, тағйироти иқлим ва буҳрони энергия, лоиҳаи "Шабакаи барқи ОСЕОН" рамзи ҳаракат ба сӯи энергияи пок аст. Тақвияти созукорҳои минтақавӣ ва ибтикороти муштарак бо GCC ва Чин низ тавони вокуниши ҷамъии ин блокро афзоиш хоҳад дод. "ОСЕОН" бо ҷамъияте беш аз 660 миллион нафар аз динамиктарин бозорҳои ҷаҳон аст ва дар соли 2025 бо пайвастани Тимори Шарқӣ ба ёздаҳ узв афзоиш хоҳад ёфт. Бо шиддат гирифтани рақобати қудратҳои бузург ва афзоиши ҷангҳои тарифӣ, марказият ва истиқлоли ОСЕОН беш аз ҳар замон зарурӣ аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha