Ба гузориши хабаргузории "Абна" ба нақл аз "ТАСС", Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ки дар зарфи чанд рӯзи оянда бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, телефонӣ гуфтугӯ хоҳад кард.
Трамп дар пойгоҳи ҳавоии "Эндрюс" дар наздикии Вошингтон дар ҷамъи хабарнигорон дар посух ба ин пурсиш, ки чӣ замоне тамоюл ба тамоси телефонӣ бо Путин дорад, гуфт, ки "бисёр зуд, дар зарфи чанд рӯзи оянда"!
Ӯ дар вокуниш ба талошҳо барои ҳаллуфасли ҷанги Укроин низ афзуд: "Қасд дорем, ки ин корро тамом кунем; шароити Русия-Укроинро; итминон дорам, ки ин корро ба анҷом мерасонем."
Трамп 4-уми сентябр (панҷшанбеи ҳафтаи гузашта) низ аз барномааш барои сӯҳбат бо Путин дар ояндаи наздик хабар дода буд. Трамп ва Путин 15-уми август дар Аляска бо якдигар мулоқот карданд. Путин дар баёнияе пас аз музокирот эълом кард, ки меҳвари гуфтугӯҳо бо Трамп, ҳаллуфасли ҷанги Укроин будааст.
Your Comment