Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз «Русия ал-Яум», манбаъҳои расонаии режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки қарор аст як нишасти наздик байни Рон Дермер, вазири умури роҳбурдии ин режим ва Асъад ал-Шайбонӣ, вазири хориҷаи режими террористии Ҷулонӣ дар ҳафтаи ҷорӣ баргузор шавад.
Бар асоси ин гузориш, ду тараф ба музокироти худ бо миёнҷигарии Амрико бо ҳадафи дастиёбӣ ба тавофуқи амниятӣ байни Димишқ ва Тел-Авив идома медиҳанд.
Бо вуҷуди ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии Тел-Авив алайҳи Сурия, режими террористии Ҷулонӣ аз замони суқути давлати Башшор Асад сигналҳои мухталифе дар хусуси таҳаввулоти асосӣ дар гуфтумони сиёсии ин кишвар аз худ нишон дода ва омодагии худро барои одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ эълом кардааст.
Дар нимаи аввали соли 2025 миёнҷиҳои минтақаӣ ва аврупоӣ барои эҷоди канали иртибот байни Димишқ ва Тел-Авив вориди амал шуданд. Гузоришҳои мавҷуд нишон медод, ки режими нави Сурия на танҳо омодаи имзои тавофуқи созиш бо тарафи саҳюнистӣ аст, балки ин омодагиро дорад, ки ишғолгарии режими саҳюнистӣ бар Ҷулонро ба шарти тазминҳои иқтисодӣ дар заминаи коҳиш ё рафъи таҳримҳои Ғарб ба расмият бишиносанд.
Your Comment