7 Сентябр 2025 - 18:30
Source: Parstoday
Амир Ҳотамӣ : Эрон дар ҷанги 12 рӯза бо усораи технологии Ғарб ва НАТО ҷангид

Фармондеҳи кули артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт : Эрон дар ҷанги 12 рӯза бо усораи технологии Ғарб ва НАТО ҷангид .

Амир сарлашкар « Амир Ҳотамӣ » фармондеҳи кули артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз боздид аз ягонҳои мухталифи артиш дар ҷамъи фармондеҳон , размандагону халабонон , бо ишора ба истодагии миллати Эрон муқобили таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҷанги таҳмилии 12 рӯза афзӯд : Ҳамаи Эрон , аз неруҳои заминӣ , падофанду ҳавоии артиши гирифта то басиҷу Сипоҳи посдорон ва оҳоди мардум , дар ҷанги таҳмилии ахир дар васати майдон буданд ва ба маъноӣ воқеӣ ҷангиданд ва муқовимат карданд то Эрони исломӣ барои ҳамеша  дар таърих сарбаланд бимонад . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ирно , Амир Ҳотамӣ тасреҳ кард : Баҳонаи аслии душман мавзӯи ҳастаӣ буд , аммо ончӣ дар майдони амал анҷом дод ва мехост анҷом диҳад , ба маротиби мутафовиттар аз иддаоҳои аввалияи онон буд ва нишон дод ки душман барномарезии муфассалии зидди Эрон тадорук дидааст .

Амир Ҳотамӣ бо баёни инки душман натавонист ба аҳдофи аслии худ дар ҷанги таҳмилии 12 рӯза даст пайдо кунад , ба бархе аҳдофи душман дар ҷараёни ҷанги таҳмилӣ пардохт ва тасреҳ кард : Душман қасддошт тавон ҳастаии Эрони исломиро ба куллӣ аз байн бибарад аммо натавонист ин корро анҷом диҳад , чаро ки тавон ҳастаӣ илму фанноварӣ бӯми аст ва имкони аз байн бурдани он вуҷӯд надорад .

Фармондуҳи кули артиши Ҷумҳурии Исломии Эрони афзӯд : Душман қасддошт тавони мушакии Эронро дар ҷанги 12 рӯза аз байн бибарад аммо ин иттифоқ ҳам рух надод ва неруҳои мусаллаҳи Эрон то лаҳзаи охир , бо қудрати мушакии худ , душманро ба зону дароварданд .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha