Ба гузориши Порс тудей, Kaja Kallas, масъули сиёсати хориҷаи Аврупо, дар изҳороте, ки нишонгари хашми Аврупо аз иттиҳоди қудратҳои навзуҳур дар Иҷлоси Шанхай аст, муддаи шуд Эрон, Русия, Чин ва Кареяи шимолӣ чолиши мустақим барои низоми байналмиллалии мубтани бар қавоид ба шумор меоянд.
Каллас рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарии камисиюни Аврупо бо ишора ба ҳузури раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкори Шанхай дар Пекин, иддао кард: « Вақте раиси Ҷумҳури Чин дар канори раҳбарони Русия, Эрон ва Кареяи шимолӣ истод, ин фақат тасовири зидди 0арбӣ набуд балки чолиши мустақим алайҳи низоми байналмиллалӣ мубтани бар қавоилд буд.» Вай муддаӣ шуд,ки ин ҳамроҳи сирфан ҷанбаи намодин надорад балки бахши аз талош барои эҷоди як «назми навини ҷаҳони худкома »аст.
Пеш из ин низ Доналд Трамп , раиси Ҷумҳӯри Амрико , дар силсилаи паёмҳое хашми ошкори худ аз нишаст Созмони Ҳамкории Шанхай ва низ ҷаласоти муштараки Чин , Ҳинд ва Рӯсияро иброз карда буд . Трамп бо ишора ба ҳузури Модӣ , нахуствазири Ҳинд , дар иҷлоси Шанхай ва дидори гарми ӯ бо сарони Чину Рӯсия эътироф кард ки Ҳинд ва Рӯсияро ба Чин бохтааст . Трамп дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social, дар матлабе, ки баёнгари нигаронии амиқи вай аз таҳаввулоти ахир дар шарқи Осиё бо баргузории Иҷлоси сарони Шанхай бо ҳузури нахуствазири Ҳинд ва ваҳшат аз шаклгирии таҳаввулоти байналмилалӣ ба нафъи Пекан аст , навишт : Ба назар мерасад ки мо Ҳинд ва Рӯсияро ба Чин бохтем . Вай ба таъна навишт : Ояндаи тӯлонӣ ва шукӯфоро барои ҳар дуи онҳо орзӯ мекунам !
Ин эътирофи Трамп дар сояи танишҳои фазояндаи миёни Вашингтон ва Деҳлии Нав сӯрат мегирад . Пас аз онки Трамп , тарофаҳои 50 дарсадиро бар содироти Ҳинд таҳмил кард ки 25 дарсад аз он ба сабаби хариди нафт аз Рӯсия бӯдааст , вай Ҳиндро ба таъмеии молии амалиёти низомии Рӯсия ба шакли ғайримустақим муттаҳам кард .
Нарендра Модӣ , нахуствазири Ҳинд , дар вокуниш ба ин иқдоми Трамп , бар пойбандии Ҳинд ба тақвияти саноеъи дохилӣ ва худиттикоии иқтисодӣ таъкид кард ва аз шаҳрвандони ҳиндӣ хост увлавиятро ба хариди маҳсӯлоти сохти дохили бидиҳанд . Дар сатҳи минтақаӣ , Ҳинд барои тақвияти равобити худ бо Чину Рӯсия ба унвони ду узви таъсиргузор дар Созмони Ҳамкории Шанхай талош кардааст , ба тавре, ки дар нишасти сарони Шанхай дар Тианҷин , Модӣ в аШи Ҷингпинг , раиси Ҷумҳурии Чин , дар гуфтугӯҳои худ бар тақвияти сауоти минтақае ва густариши тиҷорату сармоягузорӣ таъкид карданд
Модӣ ва Владимир Путин , раиси ҷумҳӯри Рӯсия , низ дар дидор бо якдигар бар идомаи равобити дуҷонибаи наздик ва қавӣ таъкид ва хотирнишон карданд ки эътимоду ҳамкории миёни ду кишвар бо вуҷӯди фишорҳои гумрукии Амрике барқарор аст .
Ин таҳаввул ба чолишҳои фазояндае ишора мекунад ки Амрико барои ҳифзи нуфузи худ дар минтақаи бисёр густардаи Ҳинд - Ором , дар сояи густариши рӯзафзӯни равобити миёни Деҳлии Нав , Пекану Маскав ва наздик шудани бештари онҳо ба якдигар , бо он рӯ ба рӯ аст .
Бисту панҷумин нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ( SCO ) дар таърихи 31 август ва 1 сентябр дар шаҳри Тианҷини Чин баргузор шуд . Созмони Ҳамкории Шанхай таий солҳои ахир ба яке аз бистарҳои аслии ҳамкориҳои сиёсӣ , амниятӣ ва иқтисодӣ дар Шарқ ва Осиёи марказӣ табдил шудааст .
Дар айни ҳол , эътирофи сарони ғарбӣ ба заволу мавриди таҳдид қарор гирифтани назми байналмилалии ғарбӣ , бо тавваҷуҳ ба дидгоҳҳои сарони Чину Рӯсия дар ин зами ва воқеъиёти низоми ҷаҳонии мувид гузор ба сӯйи низоми чанд қутбӣ аст , дарҳоле, ки Амрико бо пофишорӣ бар ҳифзи низоми так қутбӣ ва талош барои ифои нақши полиси ҷаҳонӣ , ба дунболи аҳдофу хостаҳои худ аз тариқи як ҷонибагароӣ бӯдааст . Зимни ин ки Аврупо низ ҳамонанди Вашингтон хоҳони ҳифзи низоми байналмилалии мубтанӣ бар қавоиди ғарбӣ аст .
Сарони Чин ва Рӯсия ва акнӯн Ҳинд , зимни таъкид бар ин амр , хоҳони тавсеа ҳарчӣ бештари равобит ва низ афзоиши ҳамкориҳо байни қудратҳои навзуҳӯри ҷаҳонӣ ҳастанд ки албтта яке аз намодҳои он , гуруҳ БРИКС ҷанӯби бӯдааст . Русия ва Чин акнӯн дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ , тиҷорӣ , низомӣ ва амниятӣ , таслеҳотӣ , сиёсӣ ва диплумотики равобити густардае барқарор кардаанду дар айни ҳол , мушорикати ду кишвар дар созмонҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ монанди Созмони Ҳамкории Шанхай ва гуруҳи БРИКС , нишондиҳанда рӯйкардҳои яксон дарбораи лузӯми тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба манзури ҳалу фасли масоил ва низ муқобила бо султагарии ғарб ва иқдомоти таҳоҷумии Амрико дар арсаҳои мухталифаст .
Акнӯн Деҳлии Нав низ пас аз рафтори истикбории Трамп ва иқдомоти вай алайҳи Ҳинд , дар чархишӣ ошкор ба ҳамроҳӣ бо Чин ва Рӯсия пардохта ва ҳамин амр мӯҷиби нигаронии шадиди Амрико шудааст .
Your Comment