Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маёдин, рӯзномаи саҳюнистӣ Ҳааретс дар сармақолаи имрӯзи худ нисбат ба идомаи тарҳи ишғоли шаҳри Ғазза ҳушдор дода ва таъкид кард, ки ин тарҳ аз назари амниятӣ тавҷеҳе надорад ва режими саҳюнистӣ бо ин тарҳ ба самти фоҷиа пеш меравад.
Ин рӯзномаи саҳюнистӣ таъкид кард, ки режим ба самти фоҷиае пеш меравад, ки рӯз ба рӯз густараши бештар меёбад ва ҳушдор дод, ки ҷанг дар навори Ғазза аз ҳар ҳадди мақбуле, чи аз назари амниятӣ ва чи аз назари инсонӣ фаротар рафтааст.
Ҳааретс иқрор кард, ки шиорҳои шикасти Ҳамос, контроли амниятӣ ва "бозгардонидани асирон" дар сояи воқеиятҳои майдонӣ дигар бемаъно шудаанд.
Ин рӯзнома таъкид кард, ки амалиёти «Аробаҳои Гидеон 2» аз назари амниятӣ қобили тавҷеҳ нест, ин дар ҳоле ки ҳатто Эйал Замир, раиси ситоди артиши режими саҳюнистӣ низ нисбат ба тарҳи ишғоли шаҳри Ғазза ҳушдор медиҳад.
Ин рӯзнома афзуд: "Наметавон тавҷеҳҳои амниятӣ барои ин амалиёт матраҳ кард, дар ҳоле ки ҳамаи фармондеҳони низомӣ ва амниятӣ дар кобинаи давлатӣ мавфиқи табодули асирон ҳастанд ва нисбат ба ҳазинаҳои инсонӣ ва моддии артиш дар натиҷаи ишғоли Ғазза ҳушдор додаанд".
Ҳааретс тавзеҳ дод, ки дар ҳоле ки эътирозоти хонаводаҳои асирон барои таъсиргузорӣ бар тасмимоти кобинаи давлатӣ идома дорад, мавқеъи Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳамчунон собит аст, зеро ҷанг аз назари сиёсӣ ба нафъи ӯст ва ба ин тартиб ҳеҷ кас ҷилавгири аз тахриби Ғазза ва фурӯпошии Исроилро нахоҳад кард.
Ин рӯзнома хостори таваққуфи тахриб, бозгардонидани асирон ва пазириши тарҳи амалиётии баъд аз ҷанги Ғазза шуд, ки кишварҳои арабӣ бо пуштибонии байналмилалӣ пешниҳод мекунанд, ва навишт, ки замон дар ҳоли аз даст рафтан аст ва Исроил бояд ҳамин ҳоло мутаваққиф шавад.
Ҳамчунин, рӯзномаи ибрӣзабони Маарив ба нақл аз Исҳоқ Брик, сарлашкари захираи артиши режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки натиҷаҳои ишғоли дубораи Ғазза метавонад фоҷиабор бошад. Брик гуфт, иҷрои ин тарҳ амалан дастрас нест ва ба ҳарҷумарҷи густурда дар сарзаминҳои ишғолшуда мунҷар хоҳад шуд.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки вазъияти нерӯҳои заминӣ далели нотавонии артиш дар шикасти Ҳамос аст ва набудани нерӯҳои изофӣ тавоноии мондан дар манотиқе, ки ишғол шудаанд, коҳиш додааст.
Your Comment