Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Русия ал-Явм», давлати Канада аз шаҳрвандони ин кишвар хост ба далели афзоиши ҳамлаҳои террористӣ дар Олмон ба ин кишвар сафар накунанд.
Дар ҳушдори содира аз сӯи давлати Канада омадааст, ки сатҳи хатарҳо дар Олмон монанди кишвари Зимбабве шудааст. Аврупо бо таҳдидҳои террористӣ рӯ ба рӯ аст ва тайи солҳои ахир теъдоде аз кишварҳо ва шаҳрҳо дар ин қитъа дар маърази ҳамлаҳои мазкур қарор гирифтаанд.
Давлати Канада илова кард, ки дар ҷараёни ин ҳамлаҳо дар Олмон теъдоди зиёде кушта ва захмӣ барҷой монда ва эҳтимоли вуқуи ҳамлаҳои бештаре низ вуҷуд дорад.
Канада ҳамчунин ба иқдомоти хушунатомези тандравҳо дар Олмон ишора кард.
Ин ҳушдори Канада ҳамзамон бо иқдомоти мушобеҳи Амрико ва Австралия сурат гирифт ба тавре ки дар рӯйхати кишварҳои дорои хатари баланд Олмон, Итолиё, Фаронса, Испониё ва Инглис ба чашм мехӯранд.
Your Comment