4 Сентябр 2025 - 19:50
Source: ABNA
«Вошингтон Пост»: Ҳинд Амрикоро хашмгин кардааст

Як рӯзномаи амрикоӣ ба хашми ин кишвар аз Ҳинд ба далели нодида гирифтани Трамп ишора кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Русия ал-Явм», рӯзномаи «Вошингтон Пост» гузориш дод, ки мухолифати Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд бо ба расмият шинохтани ба истилоҳ нақшофаринии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар поён додан ба даргириҳои низомӣ бо Покистон, хашми Вошингтонро барангехтааст.

Раисҷумҳури Амрико талош дорад бо дасту по кардани дастовардҳои хаёлӣ дар арсаи таваққуфи ҷангҳои ҷаҳонӣ дар ҳоле ки аз наслкашии мардуми Ғазза тавассути Телавив ҳимоят мекунад, барои тасоҳуби ҷоизаи Нобел хез бардорад.

Ҳинд дар ҳавзаи нафт низ даст ба муқобила бо Амрико зада буд ба тавре ки Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия чанд рӯз қабл гуфт, ки Ҳинд таслими хостаҳои Амрико барои таваққуфи хариди нафт аз Русия нашудааст ва Маскав аз ин мавқеъ қадрдонӣ мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha