Корбарони фазои маҷозӣ бо роҳандозии хаштеги « Гуглро таҳрим кунед » хашми худро нисбат ба қарордоди тозаи фошшуда миёни ду ширкати байналмилалии Гугл ва Ютуб бо дафтари Натанёҳу нишон доданд . Ба гузориши Порстудей ба нақл аз расонаи амрикоии Drop Site News , Гугл дар ҳоли иҷрои як қарордоди таблиғотии 45 миллион долларӣ бо Исроил , барои интишори таблиғоте дар инкори қаҳтӣ дар Ғазза аст.
Ин қарордоди шашмоҳа, ки дар моҳи хурдод оғоз шудааст , аз тариқи Ютуб ва бахши Display &и Video 360-и он иҷроӣ мешавад.
Дар ин қарордод аз Гугл ба унвони як « ниҳоди калидӣ » дар ҳимоят аз стратегияи равобити умумии Натанёҳу ёд мешавад.
Нуктаи қобили тавваҷуҳи он ки қарордоди Исроил бо Гугл на танҳо ҷанги Ғазза ва буҳрони ғизоии он , балки ҷанги 12 рӯзаи Исроил бо Эронро низ ҳадаф қарор додааст.
Мақолае дар созмони арабии баррасии воқеияти мавсӯм ба Мисбар ( Misbar ) , таблиғоти исроилӣ дар Гугл ва Мата дар даврони ҷанги Эрону Исроилро « таблиғоти густардае » хонд, ки бомбаборони Эронро барои амнияти Исроил ва Ғарб зарурӣ ҷилва медод.
Дар идома танҳо теъдодӣ аз коминт(шарҳ)ҳои густардаи корбарон барои таҳрими Гугл омадааст :
Корбаре навишт : Лаънат ба Гуглу Ютуб ! ҳар дуро таҳрим кунед . Ин шустушӯи мағзӣ ба нафъи як фирқаи саҳюнистии наслкушӣ аст, ки вазирони онҳо тавассути Девони байналмилалии додгустарӣ ва Девони байналмилалии ҷазоӣ муттаҳам шудаанд .
Фаъоли дигаре дар Х гуфт : Агар ин хабар дуруст бошад , пас ҳамаи мо ба мардуми Фаластин бояд қавл диҳем, ки Гуглу Ютубро ба таври комил таҳрим кунем.
Аҳмад , дигар корбари Х навишт : Оё ин хабар дурустаст ? агар чунин аст , пас мо бояд ба таври густарда саҳҳоми Гуглро таҳрим кунем .
Дигар фаъоли иҷтимоӣ дар шабакаи Х ҳам афзуд : Маҳсӯлоти Гуглро таҳрим кунед, зеро онҳо шарики бевосита дар ҷанги наслкушӣ алайҳи Ғазза ҳастанд .
Your Comment