26 Август 2025 - 13:57
Source: ABNA
Куба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Яманро маҳкум кард

Вазири умури хориҷаи Куба ҳамлаҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба Яманро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз шабакаи Ал-Масираи Яман, «Бруно Родригес», вазири умури хориҷаи Куба зимни маҳкум кардани ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба марказҳои ғайринизомии Яман, ин иқдомро нақзи ошкори қавонини байналмилалии башардӯстона донист.

Вай таъкид кард, ки идомаи ин таҷовузҳо, раванди талошҳои байналмилалӣ барои барқарории сулҳ дар Яманро ба таври ҷиддӣ таҳдид мекунад. Режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе аҳдофе дар Санъо аз ҷумла қасри раёсати ҷумҳурӣ ва таъсисоти ғайринизомӣ монанди нерӯгоҳи барқи Ҳазизро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии худ қарор дод.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Яман, дар ҳамлаҳои ахири режими саҳюнистӣ ба пойтахти ин кишвар, 6 тан шаҳид ва дасти кам 86 нафар захмӣ шуданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha