27 Июл 2025 - 11:36
Source: ABNA
Эрон ба иддаоҳои сафири режими саҳюнистӣ дар Боку посух дод

Дабири матбуотии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар посух ба суханони сахифи сафири режими ишғолгар саҳюнистӣ гуфт: Алоқаҳои муваддат ва дӯстӣ байни мардуми Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳкамтар аз он аст, ки бо бадзотии намояндагони режими наслкаш ва нажодпараст дучори сустӣ шавад.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт (а) — Абна — «Беҳном Маликпур», дабири матбуотии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, суханони сахиф ва нафратангези сафири режими ишғолгар ва апартеид саҳюнистӣ дар нишасти матбуотии ахир дар Бокуро маҳкум кард.

Дабири матбуотии сафорати Эрон дар Боку хотирнишон кард: Табиист режимие, ки бо иттико бар ғасби сарзамини таърихии Фаластин ва куштор ва ихроҷи сокинони аслии он бино шуда ва тайи 80 соли ҳаёти наҳси худ ҳамвора машғули террор ва ҷанг алайҳи кишварҳои муҷовир будааст, он қадар вақиҳ бошад, ки дар саросари тафриқаангезӣ байни кишварҳои мусулмон ва ҳамсоя барояд. Ғофил аз ин ки алоқаҳои муваддат ва дӯстӣ байни мардуми Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳкамтар аз он аст, ки бо хабосат ва бадзотии намояндагони режими наслкаш ва нажодпараст дучори сустӣ шавад.

Беҳном Маликпур бо ишора ба вазъияти буҳронии Ғазза дар асари муҳосираи ғайриинсонии ин борика ва маҳрум кардани мардуми бегуноҳи Ғазза аз дастрасӣ ба ғизо ва об, хостори иқдоми фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи наслкашӣ ва муҳокима ва муҷозоти ҷинояткорони саҳюнист шуд.

Маликпур ҳамчунин бо ишора ба иқдомоти таҷовузкоронаи ин режим алайҳи Лубнон, Сурия, Эрон ва дигар кишварҳои минтақа, ин режимро бузургтарин таҳдид алайҳи сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ донист ва ҳушдор дод, ки адами иқдоми ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои маҳор кардани ин мавҷудияти ёғӣ муҷиби густариши ноамнӣ дар саросари ҷаҳон хоҳад шуд.

Ҷорҷ Дик, сафири Исроил дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар Боку, дар изҳороти хосманона муддаӣ шуда буд, ки «имрӯз бо тазъифи Эрон, ҷаҳон аз ҷумла Ховари Миёна ва Қафқози Ҷанубӣ амнтар шудааст.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha