Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) — Абна — Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки Афғонистон таҳти ҳокимияти Толибон бо умқтарин буҳрони ҳуқуқи занон дар сатҳи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ аст. Ин гузориш аз судури беш аз 80 фармони маҳдудкунанда алайҳи занон сухан гуфта, аммо дар айни ҳол таъкид кардааст, ки бисёре аз занон ҳамчунон дар арсаҳои омӯзиш, кор ва иҷтимоъ ҳузур доранд.
Дар ин гузориш омадааст, ки беш аз 16 ҳазор зан аз тариқи ҳамкории Созмони Милал бо 200 ниҳоди занмеҳвар аз хадамоти маҳоратомӯзӣ, тавонмандсозӣ ва фазоҳои амн баҳраманд шудаанд.
Ҳамчунин таъсиси 130 кумитаи саводомӯзӣ дар манотиқи дурдаст, бавижа дар Нуристон, гоме мусбат дар ростои иртиқои огоҳӣ ва маишати занон арзёбӣ шудааст.
Your Comment