26 Июл 2025 - 13:25
Source: ABNA
Нетаняҳу: Ба расмият шинохтани Фаластин аз сӯи Фаронса, таҳдиде алайҳи Исроил аст

«Бинёмин Нетаняҳу» тасмими Фаронса барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластинро «подоше барои терроризм» хонд ва муддаӣ шуд ин иқдом, амнияти Исроилро таҳдид мекунад. Ҳамзамон, мақомоти дигари режими саҳюнистӣ ин тасмими Макронро «нанг» ва «ҳимоят аз терроризм» тавсиф кардаанд.

Ба гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно — тасмими Фаронса барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, мавҷи вокунишҳои тунд дар режими саҳюнистӣ эҷод кардааст. «Бинёмин Нетаняҳу» нахуст-вазири Исроил бо маҳкум кардани ин тасмим, онро «гоме хатарнок дар ростои тақвияти нерӯҳои мавриди ҳимояти Эрон» донист.

Ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазира, Нетаняҳу гуфт: «Мо ба шиддат тасмими раисҷумҳур Макрон барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин дар канори Тел-Авив, он ҳам дар пайи куштори 7 октябри 2023 (15 меҳрмоҳи 1402)-ро маҳкум мекунем.»

Вай афзуд: «Иқдоми Фаронса, ба терроризм подош медиҳад ва хатари эҷоди як омили дигар вобаста ба Эронро ба ҳамроҳ дорад, ҳамон тавре ки дар Ғазза иттифоқ афтод.»

Нахуст-вазири Исроил идома дод: «Кишвари [мустақил] Фаластинӣ дар шароити кунунӣ ба манзалаи сакӯе барои нобудии Исроил на мавҷудияте барои ҳамзистӣ дар канори он хоҳад буд.»

Ӯ муддаӣ шуд: «Фаластиниҳо ба дунболи ташкили кишваре дар канори Исроил нестанд, балки мехоҳанд кишваре ба ҷойи Исроил таъсис кунанд.»

«Ёрив Лувин» муовини нахуст-вазири Исроил низ тасмими раисҷумҳури Фаронсаро «як лак нанг бар пешонии Фаронса» хонд ва онро «ҳимоят аз терроризм» тавсиф кард.

Лувин таъкид кард: «Акнун замони он фаро расида, ки Исроил ҳокимияти комили худро бар Каронаи Бохтарӣро эъмол кунад.»

Вай афзуд: «Ҳокимияти комили Исроил бар Каронаи Бохтарӣ, посухе одилона ва таърихӣ ба тасмими ғайриқобили қабули Фаронса аст.»

Дар ҳамин ҳол, «Исраил Катс» вазири ҷанги режими саҳюнистӣ низ дар изҳороти мушобеҳ, иқдоми Фаронсаро «нанге барои Фаронса ва таслим дар баробари терроризм» донист.

Ӯ иддао кард: «Ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод, ки як режими Фаластинӣ ташкил шавад, ки амният ва моҳияти вуҷудии моро таҳдид ва ҳаққи таърихиамон дар сарзамини Исроилро хадшадор кунад.»

Ин вокунишҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки «Эммануэл Макрон» раисҷумҳури Фаронса рӯзи панҷшанбе эълом кард: «Париж кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт ва ин тасмимро дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар моҳи сентябр расман эълом хоҳад кард.»

Макрон дар шабакаи иҷтимоии Икс навишт: «Сулҳ имконпазир аст» ва афзуд, ки Париж ин тасмимро «ба далели таъаҳуди таърихии худ ба сулҳе пойдор ва одилона дар Ховари Миёна» иттихоз кардааст.

Вай ҳамчунин бар «лузуми барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза, озодии ҳамаи асирони саҳюнист ва ирсоли густардаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Ғазза» таъкид кард ва гуфт бояд «Ғаззаро амн ва бозсозӣ кард.»

Раисҷумҳури Фаронса пеш аз ин низ тасриҳ карда буд, ки «вуҷуди як кишвари Фаластинӣ на танҳо як таъаҳуди ахлоқӣ, балки як зарурати сиёсӣ дар шароити кунунӣ аст.»

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки ба расмият шинохтани Фаластин тавассути Фаронса, сойир кишварҳоро ба иқдоми мушобеҳ тарғиб кунад.

Тасмими Макрон бо истиқболи бархе кишварҳои аврупоӣ мувоҷеҳ шудааст. Испониё, Ирландия ва Шветсия пеш аз ин Фаластинро ба расмият шинохтаанд. Олмон зимни ҳимоят аз роҳҳали ду давлатӣ, эълом кардааст, ки «шиносоии Фаластин дар ин мақтаъ мумкин аст паёме иштибоҳӣ ирсол кунад.»

Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки Фаронса дар ҳоли ҳамкории наздик бо Англия дар ин замина аст. Дар тозатарин таҳаввулот, ҳудуди 60 намояндаи парлумони Англия аз Ҳизби Коргар, хостори шиносоии фаврии Фаластин ба унвони як кишвари мустақил аз сӯи Лондон шудаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha