26 Июл 2025 - 13:25
Source: ABNA
Афзоиши 3 баробарии суътағзия дар байни кӯдакони Ғазза

Пизишкони Бидуни Марз аз афзоиши шадиди теъдоди касоне, ки дар навори Ғазза аз суътағзия ранҷ мебаранд, хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории Аҳли Байт (а) — Абно — Пизишкони Бидуни Марз эълом кард, ки он чи ки дар навори Ғазза рух медиҳад, гуруснагӣ додани умдӣ ба мардум аз сӯи мақомоти режими саҳюнистӣ аст.

Ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид кард, ки Тел-Авив бояд иҷозаи вуруди густардаи кумакҳои инсонӣ ба навори Ғаззаро бидиҳад.

Пизишкони Бидуни Марз тасриҳ кард, ки беморон ва нерӯҳои имдодӣ дар Ғазза дар ҳоли ҳозир барои зинда мондан даст ва по мезананд. Теъдоди касоне, ки дар ҳоли ҳозир аз суътағзия ранҷ мебаранд аз таърихи 18 май то кунун чаҳор баробар шудаанд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид кард, ки миёнгини суътағзияи шадид миёни кӯдакони зери панҷ сол дар Ғазза тайи 2 ҳафтаи гузашта се баробар шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha