Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт (а) — Абна — Алииакбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилали Раҳбари муаззами инқилоб, дар паёме ба муносибати оини накудошти Шайх Сафиуддини Ардабилӣ гуфт: Душманони Эрон, бавижа саҳюнизми ҷаҳонӣ ва Амрико, тарҳҳое назири «Далони Зангезур»-ро ба унвони пушише барои тарҳҳои бузургтари ҷуғрофиёи сиёсӣ думбол мекунанд. Ҳадафи аслӣ, тазъифи меҳвари муқовимат, қатъи иртиботи Эрон бо Қафқоз ва муҳосираи заминии Эрон ва Русия дар ҷануби минтақа аст. Ин тарҳ на танҳо бахше аз барномаи Амрико барои ҷойгузинии Украина бо Қафқоз ба унвони ҷабҳаи ҷадиди фишор алайҳи Русия ва Эрон аст, балки бо пуштибонии НАТО ва бархе ҷараёнҳои пантуркист думбол мешавад.
Матни комили паём ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Бо салом ва дуруд ба мардуми ғуюру фарҳехтаи Озарбойҷон, бавижа устони сарафрози Ардабил, ва бо ташаккури вижа аз Ҳазрат Оятуллоҳ Сайид Ҳасани Омилӣ, намояндаи муҳтарами Валифакӣҳ дар устон ва имомҷумъаи фарҳехтаи Ардабил, ки бо ҳиммати баланди худ заминасози баргузории ин оини бошукуҳ дар такрими мақоми волои Шайх Сафиуддини Ардабилӣ шуданд.
Сипосгузорам аз ҳамаи азизоне, ки дар посдошти ин шахсияти барҷастаи ирфонӣ, илмӣ ва миллӣ, саҳме басазо доранд.
Ҳузари гиромӣ, меҳмонони арҷманд, уламо ва фарҳехтагони муҳтарам
Миллати бузурги Эрон дар тӯли таърих, бавижа дар давраи муосир ва дар муқобила бо таҷовузоти ахири режими саҳюнистӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ваҳдат, бедорӣ ва ҳамбастагии камназире аз худ нишон додаанд. Ин иттиҳод бархоста аз фарҳанги ғанӣ эронӣ-исломӣ, ҳамвора илҳомбахши миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон будааст.
Фарҳанги Эрон, ду вижагии мумтоз дорад: нахуст, инсиҷоми дохилӣ миёни ақвоми гуногун; ва дувум, пайвастагии таърихӣ, ки чун тор ва пуди фарши эронӣ, шокилаи тамаддуни куҳани моро мустаҳкам кардааст. Ҳувияти эронӣ бар бунёди тавҳид устувор буда ва ҳаст. Аз рӯзгорони бостон то имрӯз, эрониён ҳамвора пайрави адёни тавҳидӣ будаанд. Ҳамчунонки муаррихоне чун Шаҳристонӣ ва Масъудӣ тасреҳ кардаанд, ҳатто подшоҳони Эрони бостон худро мансуб ба Ҳазрат Иброҳим (а) медонистаанд. Бо зуҳури Ислом, миллати Эрон, ки пештар пайрави ойини Зардушт – дини яктопараст – буданд, бо оғуши боз ин дини илоҳиро пазируфтанд. Ҷолиб он ки ба ривояти аксар муаррихон, Ҳазрат Зардушт худ аз сарзамини Озарбойҷон бархоста буд.
Дар тӯли таърих, эрониён ҳамвора парчамдори мубориза бо зулм ва бедод будаанд: аз қиёми Абумуслими Хуросонӣ алайҳи Баниумайя, то талошҳои Хоҷа Насируддини Тусӣ дар даврони Муғул, ва наҳзатҳои шиъӣ пеш аз асри Сафавия. Аммо нуқтаи атфи ин масири таърихӣ, ташкили давлати Сафавӣ аст, ки ба ҳиммати Шоҳ Исмоили Сафавӣ, ва бо илҳом аз омӯзаҳои маънавӣ ва фикрии Шайх Сафиуддини Ардабилӣ, шакл гирифт.
Шайх Сафиуддини Ардабилӣ, ин орифу фақиҳи вораста, ки насаби шарифаш ба Имом Мӯсои Козим (а) мерасад, на танҳо бонии як ҷараёни маънавӣ ва фикрии асил буд, балки бо пайванд миёни ирфон, ташайюъ ва ҳувияти эронӣ, Эронро пас аз қарнҳо тафриқа, ба ваҳдат расонд. Ӯ сохторҳо ва ниҳодҳоеро бунёд ниҳод, ки то имрӯз, нишонаҳои он дар фарҳанги мо зинда ва ҷорӣ аст.
Имрӯз низ Озарбойҷон ҳамчун гузашта, маншаи имон, пойгоҳи решадори ташайюъ, ва пешгоми ҳувияти эронӣ-исломӣ аст. Ин минтақа ҳамеша дар хатти муқаддами дифоъ аз тамомияти арзӣ, истиқлол, ва арзишҳои инқилоби исломӣ будааст ва ин нақши таърихӣ бояд ҳамчунон пос дошта шавад.
Душманони Эрон, бавижа саҳюнизми ҷаҳонӣ ва Амрико, аз ин иттиҳоди таърихӣ ва умқи роҳбурдии фарҳангии Эрон озурдаанд ва ҳамвора талош кардаанд бо тазъифи поёнаҳои ин ҳувият, ба амнияти миллии мо осеб бизананд. Дар ҳамин росто, тарҳҳое назири «Далони Зангезур»-ро ба унвони пушише барои лоиҳаҳои бузургтари ҷуғрофиёи сиёсӣ думбол мекунанд. Ҳадафи аслӣ, тазъифи меҳвари муқовимат, қатъи иртиботи Эрон бо Қафқоз, ва муҳосираи заминии Эрон ва Русия дар ҷануби минтақа аст. Ин лоиҳа на танҳо бахше аз барномаи Амрико барои ҷойгузинии Украина бо Қафқоз ба унвони ҷабҳаи ҷадиди фишор алайҳи Русия ва Эрон аст, балки бо пуштибонии НАТО ва бархе ҷараёнҳои пантуркист думбол мешавад.
Аммо Эрон, аз ҳамон оғози ин таҳаррукот, бо сароҳат мухолифати худро дар болотарин сатҳ иброз кард ва ҳатто бо эъзоми нерӯ ба марзҳо ва баргузории размоишҳои боздоранда, нишон дод, ки дифоъ аз амнияти миллӣ, хатти сурхи мост. Сиёсати «пешгирии фаъол» ба ҷои «вокуниши манфӣ», роҳбурди ҳушмандонае аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон онро дар пеш гирифтааст.
Мардуми қаҳрамони Озарбойҷон, ҳамонҳое ҳастанд, ки дар баробари муҳоҷимони усмонӣ ва русҳои тсористӣ истоданд, бо сардории амсоли Аббос Мирзо, бо ҳимояти уламои бузурги шиъа ҳамчун марҳум Сайид Муҳаммад Муҷоҳид, ва фатвои ҷиҳоди уламо алайҳи ишғол, аз хок ва имони худ дифоъ карданд. Дар маҷарои фирқаи демократи Озарбойҷон низ, бо раҳбарии уламо ва мароҷиъи бузург, мардуми минтақа тавтиаи истиъмориро хунсо карданд ва ба русҳо ва вобастагонашон иҷоза надоданд хоки Эронро таҷзия кунанд.
Имрӯз ҳам душман бо тарҳҳое ба зоҳир иқтисодӣ, аммо дар воқеъ таҷзияталабона, ба дунболи нуфуз ба жарфои ҷуғрофиёи сиёсии Эрон аст.
Аммо миллати Эрон, бо илҳом аз омӯзаҳои бузургони худ, бавижа Шайх Сафиуддини Ардабилӣ, дар баробари ин тавтиаҳо истода ва хоҳад истод. Ҳамчунонки он орифи илоҳӣ дар замонаи худ бо тафриқа муқобила кард, имрӯз низ миллати Эрон бо ваҳдат, ҳушёрӣ ва имон, нақшаҳои шуми душманонро нақш бар об хоҳад кард.
Ёди Шайх Сафиуддин гиромӣ бод. Роҳаш пурраҳрав бод.
Алииакбар Вилоятӣ
Your Comment